Паёми маърифат28-01-2016, 05:00
Хабарро хонданд: 480 нафар
Назарҳо: 0
Миллати тоҷик дар тӯли таърихи худ садҳо фарзандони бузургеро парвариш намудааст, ки дар илму фарҳанг, донишу хирад ва ахлоқу одоб на танҳо дар минтақа, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ эътибору эътироф шудаанд ва ин нишон аз он аст, ки насли наврас бояд дар ин роҳ тарбия ёбанду идомадиҳандаи рушди маънавиёту маърифати миллати хеш бошад. Чунин буд муроҷиати Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолзанони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ғончӣ, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Замира Аҳмадҷонова ва Равшаной Маъмурова дар мулоқоти хеш бо муҳассилину омӯзгорони д.Ғазантарак, Далён ва Қалъаи Дӯсти ноҳияи Ғончӣ баён намуданд.
Дониш чароғи илм аст ва раҳоӣ аз ҷаҳолату асорати мафкураи шахшудамондаи асримиёнагӣ буда, имкониятест баҳри худинкишофёбӣ ва болиғии ақлу идрок. Сармутахассиси бахши занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, аъзои гуруҳи тарғиботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Замира Аҳмадҷонова доир ба чунин паҳлуҳои Паёми Сарвари давлат дар мулоқотҳои худ ибрози ақида намуда, махсусан диққати ҳозиринро ба нуқтаҳои истифодаи самараноки нерӯи созандаи ҷавонону бонувон, тарбияву интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои хизмати давлатӣ аз ҳисоби ҷавонон ва духтарону бонувони лаёқатманд ва донишманду соҳибмаърифат, инчунин ташвиқи онҳо ба донишандӯзӣ, азхуд кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим ҷалб намуд. Доир ба ҳадафҳои Президенти кишвар бобати он ки, ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад, сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ, аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Равшаной Маъмурова ба ҳозирин хотиррасон намуд, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд. Ва вобаста ба ин, муроҷиати Сарвари давлатро ба падару модарон, масъулони таълиму тарбия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати барои аз мактаб дур намондани фарзандон саъю талош намудан, ба илму донишандӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзии наврасону ҷавонон диққати махсус додан ва ҳамзамон барои таълими фарзандон муҳайё намудани тамоми шароитҳои заруриро нуқтасанҷона ба самъи иштирокчиёни мулоқотҳо расонид. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н.Ғончӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.