Маросими «Кулчагазон»15-10-2015, 11:24
Хабарро хонданд: 350 нафар
Назарҳо: 0
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён аксияи «Мо ҳомиёни ин Ватанем»-ро ба роҳ монда, корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст.
Дар маркази фароғатии ҷавонон-ҳамшафат бо бинои комиссариат бо ҳузури пайвандону наздикони даъватшавандагон маросими «Кулчагазон» доир гардид. Баъди аз ташхису муоинаи табибон гузаштан 66 нафар ихтиёриёни солиму тандуруст ба хизмати Ватан сафарбар карда шуданд. Дар чорабинӣ раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Т.Шарипова, раиси ноҳия Саидумрон Абдураҳмонзода иштирок ва суханронӣ намуда, қайд карданд, ки ҳимояи Ватан, ҳисси меҳандӯстиро дар зеҳни ҳар нафари шумо бедор намуда, масъулияту бедордилиро дар замиратон афзун менамояд. Хизмат ба Ватан мояи шарафу ифтихори ҳар ҷавонписар аст. Дар замони шӯравӣ падарону бобоёни мо хизмати сарбозиро дар нуқтаҳои дур аз Ватан ба ҷо овардаанд. Мо бояд бо камоли қадршиносӣ арҷгузорӣ ба Истиқлолияти меҳани азиз намуда, хизматро дар сарзамини муқаддас-Тоҷикистони азиз бо амри дил иҷро намоем, афзуд С.Абдураҳмонзода. Дар хотима дастаи ҳаваскорони Қасри фарҳанги ноҳия бо барномаҳои консертии хеш хотири наваскарон ва гуселкунандагонро болида гардониданд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.