Арҷгузорӣ ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон5-10-2015, 18:00
Хабарро хонданд: 453 нафар
Назарҳо: 0
Дар «Кохи Ватан»-и маркази вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамоиши илмӣ-амалии олимони ҷавон, забоншиносон, донишҷӯён ва хонандагони фаъол дар мавзӯи «Забон рукни пойдории миллат», баргузор гардид.
Баъд аз сухани ифтитоҳии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода бо сухани табрикотӣ баромад намуда, аз хизмати бузургони миллат дар рушду камол ва пойдории забони тоҷикӣ сар карда, аз давраи тиллоии давлатдории тоҷикон, асри Х, то мақоми давлатӣ гирифтани забони модарии мо дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ёдоварӣ намуда, таъкид кард, ки ҷавонони мо ва насли ҳозираву оянда бояд ба қадри ин дастовардҳо расида саҳмгузори рушду такомули забони тоҷикӣ гарданд. Сипас, донишмандону унвонҷӯёни Донишгоҳу Донишкадаҳои вилоят дар мавзуъҳои «Нақши забони тоҷикӣ дар рушди фарҳанги мардум», «Забони ман-ҷаҳони ман», «Забон ҳастии миллат» ва «Забон асоси рушди тафаккур ва таҳкимдории миллӣ» маърӯза намуданд. Бо қадршиносӣ намудани фаъолон кори ҳамоиши илмӣ-амалӣ ҷамъбаст карда шуд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в.Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.