Гусели наваскарон3-10-2015, 15:00
Хабарро хонданд: 406 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз, дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Носири Хусрав гусели 37 нафар наваскарон ба Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ташкил ва баргузории ин чорабинӣ ТҶҶ «Созандагони Ватан», ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии маҳаллаҳо, ҷамоатҳои деҳот, аъзоёну фаъолони ҳизб корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳиро дар маҳаллаҳо ба роҳ монда, нақшаи даъвати тирамоҳиро аз ҳисоби ҷавонони ноҳия пурра иҷро намуданд.
Гусели наваскарон дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки роҳбарияти ноҳия, ҷамоатҳои деҳот ва падару модарон баргузор гардида, даъватшудагон ва падару модаронро раиси ноҳия табрик намуда, онҳоро барои хизмати содиқона ба Ватан ҳидоят намуд. Аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия ба даъватшудагон ва падару модарон барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод гардид. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в.Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.