Хоки Ватанам сурмаи чашмони ман аст23-10-2015, 17:30
Хабарро хонданд: 618 нафар
Назарҳо: 0
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои аксияи «Мо ҳомиёни ин Ватанем», 23 октябр дар МТМУ №14 ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз тарафи хонандагони синфи ХI, чорабинии адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Хоки Ватанам сурмаи чашмони ман аст» баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Очилов Р.О., мушовири фанни омодагии дифоии ҳарбии шуъбаи маориф Алиев Б., омӯзгорони фанни омодагии дифоӣ ва тарбияи ҷисмонии муассисаҳои таълимии ноҳия, хонандагони синфҳои болоӣ, ҷавонони синни даъватӣ ва падару модарон иштирок намуданд. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ раиси кумиҷроия Очилов Р.О. кушода, оиди таърихи таъсисёбии Артиши Миллӣ, шарту шароити хизмати ҳарбӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, ватандӯстию ватанпарастии ҷавонону наврасон суханронӣ намуд. Инчунин, мушовири фанни омодагии дифоии ҳарбии шуъбаи маориф Алиев Б. ва омӯзгори собиқадори ин фан Нусратов Ҳ. доир ба омода намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баромад карданд. Дар охир хонандагони синфи ХI барномаи адабӣ-фарҳангиро таҳти унвони «Хоки Ватанам сурмаи чашмони ман аст» пешкаши ҳозирин намуданд, ки он аз қироати шеърҳо дар васфи Ватан, сулҳ, ваҳдат, саҳнача бахшида ба гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ ва сурудҳо иборат буд. ©Шуъбаи таблиғот, матбуот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.