Мулоқот бо губернатори вилояти Нижегороди Федератсияи Русия Валерий Шантсев19-07-2016, 18:30
Хабарро хонданд: 576 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат губернатори вилояти Нижегороди Федератсияи Русия Валерий Шантсевро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла робитаҳои байни минтақаҳои ду давлат дар соҳаҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Мо ба рушди марҳила ба марҳилаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия изҳори ҳавасмандӣ менамоем, таъкид кард Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки ҳамёрии кишварҳои моро муносибатҳои неки стратегии дуҷониба ва минтақавӣ таҳким мебахшад. Таъкид гардид, ки Федератсияи Русия дар савдои хориҷии Тоҷикистон мақоми пешсафи дошта ба сегонаи кишварҳои бузурге шомил аст, ки ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистон ва онҳо нисбатан афзун мебошад. Дар мулоқот доир ба рушди ҳамкорӣ бо вилояти Нижегороди Федератсияи Русия дар соҳаҳои бештар афзалиятдоштаи саноат, кишоварзӣ, илму маориф ва туризм табодули афкори судманд доир гардид. Дар ҳамин замина ҷалби ташкилоту корхонаҳои саноатии вилояти Нижегород барои фаъолият дар Минатақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ташкили содироти бештари меваю сабзавоти хушсифати Тоҷикистон ба шаҳру вилоятҳои Русия ва афзун намудани шумораи бурсияҳои таҳсил барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаҳои олии таълимии Федератсияи Русия аз самтҳои муҳими ҳамкории дуҷониба арзёбӣ карда шуд. Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба тақвияти муносибатҳо дар самти муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони кории тоҷик табодули афкор намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.