Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқот бо вазири давлатии Британияи Кабир Десмонд Свейн

Мулоқот бо вазири давлатии Британияи Кабир Десмонд Свейн

18-02-2016, 07:00
Хабарро хонданд: 344 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқот бо вазири давлатии Британияи Кабир Десмонд СвейнДирӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатии рушди байналмилалии Британияи Кабир Десмонд Свейнро ба ҳузур пазируфт.

​Дар мулоқот масоили таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир баррасӣ шуд.

“Ҳоло миёни Тоҷикистон ва Британияи Кабир робитаҳои устувори дӯстию ҳусни тафоҳум ва ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст, ки боиси қаноатмандии мост” — таъкид дошт дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба рушди ҳамкории минбаъдаи кишварҳо табодули андеша карда, барномаҳои соҳаҳои кишоварзӣ ва обёрӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисоди деҳот, бахши хусусӣ, диверсификатсияи иқтисодиёти Тоҷикистон ва таъсиси ҷойҳои нави кориро афзалиятнок донистанд”.

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз таҳкими робитаҳои парлумонӣ, таъсиси Гурӯҳи дӯстии миёни мақомоти қонунгузории ҳарду кишвар, ташкили барномаҳои омӯзиши теъдоди муайяни ҷойҳои таълимии яксола дар донишгоҳҳои таҳсилоти олии Британияи Кабир ва рушди ҳамкории фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Британияи Кабир барои дастгирӣ аз татбиқи амалии лоиҳаи минтақавии CASA-1000 ва ҷудо намудани 37 млн. доллари амрикоӣ барои ин ҳадаф арзи сипос намуд.

Мусоидат ба таъмини амну суботи минтақавӣ, дарёфти роҳҳои ҳалли фарогири қазияи Афғонистон дар муносибатҳои ҳамкории ҳарду кишвар аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

Дар мулоқот инчунин вобаста ба таъсири бӯҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои барои ҳарду ҷониб муфид гуфтугӯйи судманд доир гардид.
prezident.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: