Ҳамкориҳо вусъат меёбанд2-07-2016, 09:22
Хабарро хонданд: 364 нафар
Назарҳо: 0
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода роҳбари муассисаи русиягии «Россотрудничество» дар Тоҷикистон Михаил Валентинович Вождаевро, ки ба наздикӣ дар ин вазифа масъулиятро бар дӯш гирифтааст, бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфта, дар бораи муносибатҳои миёни Тоҷикистону Федератсияи Русия табодули назар намуданд.
Муовини аввали Раиси ҲХДТ С. Фаттоҳзода дар оғози суҳбат бо ҷаноби Вождаев перомуни муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия маълумот дода, гуфт, ки роҳбарияти кишвар дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба робитаҳои миёни ҳарду кишвар аҳамияти калон медиҳад. Аз ҷумла, дар Паёми солонааш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври хосса таъкид намуданд, ки ҷумҳурии мо кишвари Русияро шарики боэътимоди худ медонад. Кӯмакҳои ҷониби Русия дар ҳамаи соҳаҳо эҳсос мешавад. Мо ин воқеиятро дарк менамоем, ки Русия дар минтақа кафили амниятӣ мебошад. Муҳимтар аз ҳама дар Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ ва дигар иншооти мудофиавӣ дорад. Чунин ҳолат бояд омили дилпурӣ барои вусъати ҳамкориҳои иқтисодии тарафайн бошад. Мусаллам аст, ки ҳар сол садҳо нафар ҷавонон барои таҳсил ба донишгоҳҳои Русия фиристода мешаванд. Дар қаламрави Федератсияи Русия ҳазорон нафар муҳоҷирони корӣ фаъолият доранд, ки онҳо ҳамзамон дар болоравии сатҳи иқтисодии Русия ва ҳам Тоҷикистон ҳиссагузорӣ менамоянд. Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ барои беҳдошти вазъи ҳуқуқии онҳо кор бурда истодааст. Лекин ба андешаи инҷониб ин гуна фаъолиятҳоро боз ҳам вусъат бахшидан лозим аст. Дар бахши сиёсӣ ва робитаҳои байналхалқӣ ҳам Тоҷикистон фаъолияти мустақилонаро пеш бурда, бо ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон муносибатҳои худро дар заминаи баробарӣ ва эҳтироми ҳуқуқҳои ҳамдигарӣ роҳандозӣ мекунад. Мо фаъолиятҳои густурдаи ҳизби ҳокими «Единая Россия»-ро ҳамеша пайгирӣ менамоем. Таҷрибаҳои нахустини ҳизби мазкурро дар мавриди шаклу услуби нави пешбарии номзадҳо ва ташкили интихобот (Прамейзер) истиқбол менамоем. Бовар ва эътимоди мо бар он аст, ки кишвари бузурги Русия имконияти васеи аз буҳрони иқтисодӣ ва оқибатҳои таҳрими байналхалқӣ баромаданро дорад. Ҷаноби Вождаев дар навбати худ ба таҳкими бештари ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъкид варзид ва афзуд, ки воқеан ҳам робитаҳои мо ба равнақи бештаре ниёзманд мебошад. Усмон Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.