Вазири маориф: Миёнаравҳо корафтодаҳоро фиреб медиҳанд!19-07-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 216 нафар
Назарҳо: 0
Баҳогузории одилонаи Маркази миллии тестӣ ва аз байн рафтани ришваву фасод, фарзандони бархе аз мансабдоронро ба дарёфти роҳҳои нави дохилшавӣ дар мактабҳои олии кишвар водор кардааст. Ин нуктаро Саид Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 11-уми июл зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд.
Бино ба қавли вазири мориф, фарзандони бархе аз мансабдорон аввал ба донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ ҳуҷҷат супурда дохил мешаванд ва баъди як соли таҳсил далелҳои гуногун пеш оварда, талош мекунанд, ки таҳсилро дар Тоҷикистон идома диҳанд. «Онҳоро дар Русия дохил мекунанд, як ё ду сол мехонанд баъд ариза мекунанд, ки ё бемор шудааст ё модараш даргузаштааст ва аз ин рӯ бояд дар Тоҷикистон дар факултаи ҳуқуқшиносӣ ё ихтисоси дигаре таҳсилро идома диҳад. Вале мо аризаи онҳоро рад мекунем ва мегӯем, ки куҷое дохил шудӣ, ҳамонҷоро хатм кун", - афзуд вазири маориф. Номбурда ҳамзамон тақаллубкорӣ дар имтиҳонҳои Маркази миллии тестиро рад карда, гуфт, ки ҳеҷ имкон надорад тибқи ин низом касе бо ришваву тағобозӣ ба ин ё он донишгоҳ дохил шавад. Аммо, таъкид намуд, ки, ҳастанд омӯзгорон ва миёнаравҳое, ки бо роҳи фиреб ва ваъдаи зиёд аз корафтодаҳо пул меситонанд. Ба мо ҳам муроҷиату шикоятҳо дар ин маврид расида буд, вақте гурӯҳи корӣ таъсис дода таҳлил кардем, шикояти шаҳрдорон дар мавриди тақаллубкорӣ дар имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ асоси воқеӣ наёфт. Ин ҳам дар ҳолест, ки тахминан ду моҳ қабл Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфта буд, мардум ба шаффофияти кори Маркази миллии тестӣ бовар надоранд ва бояд корҳои зиёде анҷом шавад. Ӯ таъкид карда буд, ки имсол фаъолияти Марказро гурӯҳи махсуси вакилони Маҷлиси намояндагон зери назорат мегиранд. И. Тоҳир |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.