ММТ: ятимони кулл аз пардохти маблағ озоданд2-03-2016, 11:30
Хабарро хонданд: 324 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ятимони кулл ва бепарасторон, ки хоҳиши дар ИМД-2016 иштирок карданро доранд, аз пардохти маблағ пурра озоданд.
Дар ин бора Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода, мегӯяд, шахсоне, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) 2016 аз қайд гузаштан мехоҳанд, арзиши хизматрасонӣ барои як довталаб 200 (дусад) сомонӣ барои бақайдгирӣ (асосӣ), даври 2-юми аз нав бақайдгирӣ ва бақайдгирии иловагӣ ва барои даври 1 уми аз нав бақайдгирӣ ва аз нав бақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ 20 (бист) сомонӣ муайян шудааст. Манбаъ мегӯяд, арзиши хизматрасонӣ дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст ва шахсони барои иштирок дар ИМД-2016 аз қайдгузаранда маблағи муайяншударо дар яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бояд пешакӣ супоранд ва бо расид дар бораи пардохт ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шаванд. Бояд зикр кард, ки чун солҳои қаблӣ, тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ятимони кулл ва бепарасторон, ки хоҳиши дар ИМД-2016 иштирок карданро доранд, аз пардохти маблағ пурра озоданд. Шахсоне, ки падар ё модарашон вафот кардааст, барои иштирок дар ИМД танҳо 50 %-ро аз маблағи муайяншуда, яъне 100 (сад) сомонӣ пардохт мекунанд. Шахсони чунин имтиёздошта ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунанд, омадааст дар хабари Маркази миллии тестӣ. Инчунин Маркази миллии тестӣ хабар додааст, ки рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ, ки ҷиҳати таъмини дастрасии хоҳишмандон таҳия гардидааст, барои аз қайд гузаштани довталабон дар 26 шаҳру ноҳияи интихобии ҷумҳурӣ 28 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 21 шаҳру ноҳия нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда мешавад. Бақайдгирии довталабон аз 1-уми марти соли ҷорӣ оғоз гардида хоҳишмандон имкон доранд, ки дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояш наздик аз қайд гузарад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.