Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат бидуни мӯҳру ҳуҷҷат аст…

Пешвои миллат бидуни мӯҳру ҳуҷҷат аст…

2-03-2016, 16:13
Хабарро хонданд: 290 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат бидуни мӯҳру ҳуҷҷат аст…Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии фонди «Диалоги АвруОсиё» дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ конфронси илмии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон - Пешвои миллат ва нақши таърихии ӯ дар баланд бардоштани тамаддуни моддӣ ва маънавии миллат» доир гардид.

Баъд аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон филми мустанад дар бораи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон манзури иштирокчиёни конфронс гардонда шуд. Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода дар баромади хеш таъкид намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро ҳамчун миллати соҳиби тамаддуни беназир дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда тавонист, ҳунару истеъдоди волои сулҳу ваҳдатофарииӯ боиси эътирофиҷомеаи башарӣ ва сиёсатмадорони варзидаи олам гаштааст ва маҳз ҳамин сифати наҷиб сабаб гардид, ки аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ ин шахсияти арзанда аз ҷониби мардум ба ҳайси Пешвои миллати тоҷик бидуни муҳру ҳуҷҷате шинохта шавад.

Пешвои миллат бидуни мӯҳру ҳуҷҷат аст…- Таҷлили даҳҳо чорабинии фарҳангӣ, симпозиуму конфронс ва намоишҳои байналмилалӣ бахшида ба таҷлили солгарди фарзандони барӯманди миллат, санаҳои бузурги фарҳангӣ, бунёди иншооти зиёди замонавии фарҳангӣ, барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, эҳёи суннат ва анъанаҳои ҳазорсолаи миллӣ, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, муаррифӣ ва тағрибу ташвиқи фарҳанги пурғановати миллӣ, баргузор намудани рӯзҳои фарҳангӣ дар бисёре аз давлатҳои хориҷӣ, ташкили сафарҳои ҳунарӣ барин иқдомоти дилпурона ва боҷуръатона аз рӯзҳои нахусти ба сари ҳокимият омадани Сардори давлат дар маркази таваҷҷуҳи ҳамешагии ӯ қарор доштанду доранд, - афзуд Шамсиддин Орумбекзода. - Аз ин рӯ, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ҳамчун ифодакунандаи воқеияти ҷомеа, арзишҳои умумимиллӣ, манфиати давлат ва мардум мавриди истиқболи ҳама қарор гирифт.

Дар кори конфронс ҳамчунин муовини якуми вазири корҳои хориҷии кишвар Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири адлияи ҷумҳурӣ Ҳаким Саид Мирсайзод, Раиси Суди конститутсионӣ Маҳкам Маҳмудзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷукмҳурии Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназар, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода, муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Латофат Назирӣ, Президенти Академияи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ - фарматсевтӣ Ғуломқодир Бобизода, ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, академик Носирҷон Салимӣ, академик Мамадшо Илолов, профессор Абдуваҳҳоб Воҳидов, ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода ва дигарон дар бораи саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти илму маориф ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки мардуми кишвар таҳти роҳбарии Сарвари хирадманди худ ба сӯи рушди устувор қадам мениҳад.
Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: