«Мо таҷлили Соли нави мелодиро дар мактабҳои миёна манъ накардаем, балки буридани дарахтони арчаро манъ кардаем ва ба хотири он ки дар мактабҳо аз волидайни хонандагон маблағ ҷамъоварӣ нашавад, харидани арчаҳои сунъиро манъ кардем».Ин ҳарфҳо аз забони Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 11-уми январи соли равон, зимни нишасти матбуотӣ садо дод.
Вазир ҳамчунин дар идома афзуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” шабнишиниҳои дабдабанок, хароҷоти беҳуда ва дар қаҳвахонаю тарабхонаҳо нишастанро манъ карда буд.
«Мо иҷозат дода будем, ки маҳфилҳои фарҳангӣ баргузор шавад, барои баргузор намудани чунин маҳфилҳо касе монеа нашуда буд ва баргузор ҳам гардид. Паҳлуи дигари масъала ин аст, ки иди Соли нав аслан иди хонаводагӣ аст, на иди корхонаҳо аз замони Шӯравӣ ба мо мерос мондааст, ки дар корхонаҳо ташкилиҳои бодабдаба карда, майнӯшӣ кунем. Мо ҳамин корҳоро маън карда будем, на оростани арчаю таҷлили Соли навиро»-афзуд Н. Саид.
©И. ТОҲИР