Филиали ДДМ ба номи М.В.Ломоносов аз рӯйи системаи кредитӣ фаъолият надорад29-01-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 452 нафар
Назарҳо: 0
- Фаъолияти таълимӣ лар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар ш.Душанбе мувофиқи талаботи стандарти федералии давлатии таълимии (СФДТ) таҳсилоти олӣ, сиёсати маорифи Русия ва Тоҷикистон, ки ба навсозии низоми маориф равона шудааст ва инчунин нақшаи стратегии рушди филиал ба роҳ монда шудааст, - гуфт дар нишасти матбуотӣ директори иҷроияи ин муассисаи таълимӣ Сайдулло Мирзоев.
Тавре ӯ иброз дошт, муассисаи мазкур мисли дигар донишгоҳҳову донишкадаҳои кишвар шомили Маркази миллии тестӣ аст, аммо барои донишҷӯ шудан боз довталабро зарур меояд имтиҳоноти иловагӣ аз фанни забону адабиёти рус ва таърихи Русия супоранд, ки талаботи Донишгоҳи Давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов мебошад. Ҳамчунин С.Мирзоев зикр намуд, ки муассисаи таълимӣ бо системаи нави кредитӣ фаъолият намекунад ва аккредитатсияи давлатиро боз аз рӯи се равияи барномаҳои таълимӣ ба даст овардааст. Ҳамчунин бо дарназардошти талаботи рӯзафзуни ҷомеа ба кадрҳои баландихтисос ва имконоти васеи сайёҳии Тоҷикистон, филиал дар соли 2016 кушодани равияи нави «Реклама ва робтиа бо ҷомеа»-ро пеши худ мақсад гузоштааст. Гуфта шуд, ки то ҳол аз ҷониби мақомоти қудратӣ ягон шикоят нисбати донишҷӯёни донишгоҳ нашудааст ва сатҳи донишомӯзиву тарбиявии муҳассилини ин даргоҳ намунавист. Имсол 167 нафар донишгоҳҳо хатм кардад ва дар соҳаҳои гуногуни кишвар фаъолият доранд. Барои боло бардоштани сатҳи такмили ихтисос миёни устодон қарор аст олимони ихтисосманд аз Федератсияи Русия даъват карда шаванд, ки ба манфиати кор буда, ба рушди маорифи кишвар мусоидат хоҳад намуд. ©Азамат Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.