Маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор гардид12-07-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 262 нафар
Назарҳо: 0
Дар асоси ҷадвали тасдиқшудаи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон рӯзи 11.07.2016 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод маҷлиси ҷамъбастии нимсолаи якуми КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод доир гардид. Дар маҷлис 85 нафар аъзоёни Кумита, раисони ташкилотҳои ҳизбӣ, раисони ҷамоатҳо, хоҷагиҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва намояндагони занону ҷавонон иштирок намуданд.
Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷрояи ноҳиявии ҳизб Г.Раҷабова оиди фаъолияти нимсолаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ҳисобот дода, оиди масъалаҳои дар рӯзнома пешниҳодшуда, роҳбари Гуруҳии вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони ҳалқи ноҳия Раҷабалӣ Табаров, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии хоҷагии Чорводор Бобохон Ҳасанов, раиси комиссияи кор бо ҷавонони назди Кумитаи иҷроия Абдулло Раҷабов фикру ақидаҳои хешро иброз доштанд. Инчунин дар кори маҷлис узви Кумитаи иҷроия, раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур иштирок ва баромад намуда, оиди фаъолияти Кумитаи иҷроия ва ҳизбиёни ноҳия дар давоми нимсолаи аввали соли 2016 изҳори қаноатмандӣ ва барои саҳми арзандаашон дар пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия арзи сипос намуда, иштирокдоронро ба корҳои созандагию бунёдкори даъват намуд. Дар хотима, доир ба масъалаҳои дар рӯзнома пешбинишуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.