Вохӯрии судманд21-05-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 215 нафар
Назарҳо: 0
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мулоқоти узви Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия, раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Т. бо аҳли қалам баргузор гардид. Дар мулоқот раиси ноҳия оиди бурду бохти хабарнигорони ноҳия дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии ноҳия, саҳми онҳо дар пурзӯр намудани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, пешниҳоди мушкилиҳо, бартараф намудани онҳо ва истиқболи ҷашнҳои таърихии дарпешистода андешаҳои худро баён намуд. Дар мулоқоти мазкур хабарнигорон И. Ҷабинзода, Вафоева Умеда ва Бобоев Ҷумахон баромад намуда, аз ашъори худ порчаҳо қироат намуданд. Дар охир аз ҷониби раиси ноҳия ба хабарнигорони варзида туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.