Таблиғи созандагиву бунёдкорӣ23-06-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 253 нафар
Назарҳо: 0
Дар ноҳияи Муъминобод вохӯрии гуруҳи таблиғотии назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод, бо иштироки Раҷабов А.- мудири бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия ва намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодати Г., Суфизода Д. ва Азимов А. бо ҷавонони ҳудуди ноҳия баргузор карда шуд.
Дар вохӯрӣ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Г.Раҷабова доир ба масъалаҳои ҷорӣ баромад намуда, оиди саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, боварию эътиқоди Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ ба ҷавонони кишвар андешаҳои худро иброз намуда, бори дигар ҷавононро ба корҳои ободонию созандагӣ даъват намуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.