Амали хайри ҳизбиён идома дорад1-07-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 231 нафар
Назарҳо: 0
Ваҳдати тоҷикон бо қадами мубораки хеш тақдиру сарнавишти миллатро барои бунёди кохи бегазанди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ асос гузошт. Бо ҳисси баланди қадрдонӣ ва арҷгузорӣ ба иди Ваҳдати миллӣ ва моҳи шарифи Рамазон дар асоси супориши роҳбарияти кумиҷроияи вилоятии ҳизб шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилоят якҷоя бо фаъолзанон-аъзои Шурои собиқадорони ҳизб тасмим гирифтааст, ки силсилааёдатҳоро баргузор намояд. Аз ин хотир, дар давоми ин моҳи муборак аёдати шахсони баруманд, оилаҳои яккаву танҳо, нафарони ниёзманд, ятиму бепарастор ва беморон дар назар дошта шудааст. Субҳи имруз кормандони шуъбаи кор бо занон бо маводи лозимаи хурока ва доруҳо барои аёдати 7 нафар бемороне, ки дар беморхонаҳои вилоятӣ бистарианд, ташриф оварданд. Ин амали хайр мунтазам идома дорад.
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.