
Даст ба амали хайру савоб задан аз суннатҳои неки тоҷикон ба шумор меравад. Дар арафа ҷашнҳо аёдати шахсони бемору барҷомонда, ятиму бепарастор аҷру савоби бештар дорад. Яке аз самтҳои фаъолияти ҲХДТ дастгирӣ ва нигоҳи нек доштан ба ин қишри ҷомеа мебошад. Дар арафаи иди Соли нав кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба аёдати якчанд нафар сокинони шаҳр баромаданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Наим Маликисломов ва кормандони дастгоҳи кумиҷроия шахсан аз ҳолу ахволи ниёзмандон пурсон гардида, табрикоти роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва Кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро расониданд ва ба онҳо кӯмакҳои хайриявӣ намуданд.
Ба ин ғамхориҳои давлат ва ҳизб аёдатшудагон шукронаи тинҷиву амонии кишварро намуда, афзуданд, ки ҳам мақомот ва дигар сохторҳои давлатӣ пайваста аз аҳволи онҳо хабардор мешаванд.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд