Аёдати рамазонӣ13-06-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 276 нафар
Назарҳо: 0
Ҷиҳати амалигардонии Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, иҷрои дастуру супоришҳои КИМ ҲХДТ ва ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ тасмим гирифт, ки дар моҳи муборак аёдати оилаҳои маъюб, яккаву танҳо ва камбизоатро ба роҳ монад.
Имрӯз аз тарафи аъзоёни маҳфили “Набзи ҷавонӣ” оилаҳои ниёзманд аёдат карда шуда, бо маводи озуқаи яквақта таъмин карда шуданд. Ҷавонон оилаҳои Маҳмудова Дилкашбону, Абдуева Муяссар, Ғиёсова Муборак аёдат намуданд. Мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилоот Ҳоҷиев Ф. ҳамагонро табрик намуда, иброз дошт, ки имрӯзҳо сиёсати хирадмандонаи Раиси ҲХДТ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор месозад, ки пайваста табақаҳои ниёзмандро дастгири намоем. Аз ин лиҳоз, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд мекӯшад, ҷиҳати иҷрои барномаи пешазинтихоботии худ оиди ҳифзи иҷтимоии аҳоли корҳоро амалӣ созад. Оилаҳои мазкур миннатдории худро ба Кумитаи иҷроияи вилояти расонида, дар ҳаққи роҳбарияти олии кишвар дуои нек карда, иброз доштанд, ки ғамхории Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамарӯза эҳсос мекунанд. Кумитаи иҷроияи тибқи нақшаи таҳрезишуда давоми моҳи мубораки Рамазон аёдати оилаҳои камбизоатро идома хоҳад дод. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.