Аёдати собиқадорон28-06-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 277 нафар
Назарҳо: 0
Бахшида ба 19-умин солгарди иди Ваҳдати миллӣ, масъулини Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ба аёдат ва табрики собиқадорони ҳизб шитофта, ба 10 оилаи ниёзманд кӯмакҳои молиявӣ расонид.
Собиқадорону эҳтиёҷмандон аз ин икдоми Кумитаи иҷроия изҳори хушҳолӣ намуда, бо сипосгузори дар ҳаққи роҳбарияти олии кишвар дуои нек карда, иброз доштанд, ки ғамхории Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамарӯза эҳсос мекунанд. Мавриди зикр аст, ки кӯмак расонидан ба камбизоатон, эҳтиёҷмандон, инвалидон, маъюбон ва собиқадорони ҷангу меҳнат ҳадафи асосии Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад, ки аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд. Аз ин рӯ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат тибқи нақшаи таҳрезишуда давоми моҳи мубораки Рамазон аёдати оилаҳои камбизоатро идома хоҳад дод. И. Тоҳир |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.