Ҷаҳон моро шинохт аз сулҳу ваҳдат27-06-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 201 нафар
Назарҳо: 0
Дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак чорабинии сиёсию фарҳангӣ бахшида ба 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Бо шарофати Ваҳдати миллии ба дастовардаи миллати тоҷик, бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён моро шинохт. Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик неъмати бебаҳост. Чи хеле ки дар баромадашон Сарвари давлат қайд кардаанд: «Бузургтарин вазифаи наслҳои имрӯзаи халқи тоҷик аз он иборат аст, ки сулҳу ваҳдат, ягонагӣ ва якпорчагии Ватани азизро таъмин намоянд»
Дар ҷамъомади ботантана бахшида ба 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ узви Раёсати Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, раиси шаҳри Норак муҳтарам Ҳурматзода Ф.З. аз дастовардҳои Ваҳдати миллӣ суханронӣ намуда қайд карданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сулҳу ваҳдат расидани ҷумҳурии моро дар саросари олам таҷрибаи нодиртарини таърихӣ меҳисобанд ва ин таҷрибаро дар омӯзиш қарор доданд. Раиси шаҳр тамоми мардуми меҳнатқарини шаҳри Норакро бахшида ба ин рӯзи бошукуҳ табрик гуфта таманиётҳои нек карданд. Дар фарҷоми чорабинӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанг» бо сурудҳои дилнишини худ хотири ҳозиринро болида гардониданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.