Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Вохӯрии гуруҳи таблиғотӣ дар ташкилоти ибтидоии «КАТС»

Вохӯрии гуруҳи таблиғотӣ дар ташкилоти ибтидоии «КАТС»

24-06-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 219 нафар
Назарҳо: 0
Вохӯрии гуруҳи таблиғотӣ дар ташкилоти ибтидоии «КАТС»
Бахшида ба 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ташкилоти ибтидоии «КАТС»-и шаҳри Қӯрғонтеппа гуруҳи таблиғотӣ бо иштироки С.Қосимзода, узви КИМ ҲХДТ - муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, Т.Наҷидуллоев раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, С.Мирсаев раиси ташкилоти ибтидоии «КАТС» ва дигарон бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ баргузор намуданд.

Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ояндаи неки давлату миллатро дар сулҳу салоҳ мебинанд ва ба дигарон талқин менамоянд. Асоси ин ниятҳои нек ва ватанпарастонаро, ки ҳамдиёрону дӯстонро ва ҳатто рақибони таърихии моро дар тааҷҷуб овардааст, ғояи «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ташкил медиҳад.

Чунин ғояҳо дар садсолаҳо як бор тавлид ва амалӣ мешаванд ва амаликунандаи онҳо фардҳои аз ҷиҳати маънавӣ ва зеҳнӣ пурқувват мебошанд. Воқеан, Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои чунин хислатҳои накӯ ва фарҳанги олӣ мебошанд.

Поянда нигоҳ доштани сулҳу Ваҳдати миллии Тоҷикистон аз ҳар яки мову шумо вобастагӣ дорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: