Ваҳдат - асоси тараққиёти давлату миллат25-06-2018, 09:00
Хабарро хонданд: 219 нафар
Назарҳо: 0
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур дар якҷоягӣ бо садорати кумитаи иҷроияи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фурудгоҳ» чанде пештар», бахшида ба 19-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ваҳдат-асоси тараққиёти давлату миллат» дар толори хурди маҷлисгоҳи «Фурудгоҳ» вохурӣ барпо намуд.
Дар ин вохурӣ сараввал дар назди ҳозирин Мӯҳтарама Муродова - аъзои раёсати кумитаи иҷроияи ташкилоти ибтидоии «Фурудгоҳ» баромад намуда, перомуни нақшаи кории чорабинии мазкур сухан кард. Сипас, меҳмононро ба аҳли толор шинос кард. Баъдан, сухан ба муовини директори генералии фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе Аслиддин Меликов дода шуд. Номбурда, перомуни мавқеъ ва манзалати ваҳдати миллӣ дар даврони муосир, роҷеъ ба пешравиҳои Тоҷикистон дар ин давра ва оид ба ҳифзу нигаҳдошти ин падидаи бузург андеша ронд. Номбурда, вобаста ба нақши таърихии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва наҷоти миллат, аз парокандашавию давлати Тоҷикистон андеша ронд. Сипас узви Шӯрои Харакати Ваҳдати миллӣ, академик Қурбон Восиев ба сухан баромада оид ба шарофати иқдомҳои шоистаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андеа ронд. Қурбон Восиев дар идомаи суханаш иброз дошт, ки бахшида ба 19-умин солагарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон китоби «Пешвои миллат – меъмори ваҳдат» нашр гардид. Дар китоби мазкур таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолияти сулҳхоҳонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини сулҳу ваҳдат, раванди ташаккули ваҳдати миллии тоҷикон, масъалаҳои истиқлолияти миллӣ ва арҷгузорӣ ба он ва дигаргуниҳои баамаломадаро дар ҷомеаи мо ва дунёи мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор додааст. Баъдан намояндаи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Рамазонзода Абдулло ба сухан баромада, вобаста ба нақши таърихии Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва наҷоти миллат, аз парокандашавию давлати Тоҷикистон андеша баён кард. Дар ҷамъбаст муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадов ба чанд нафар ҷавононе, ки ба тозагӣ шомили ҳизб гардида буданд, билетҳои ҳизбӣ супорид. Т. Орифӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.