Озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»28-06-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 502 нафар
Назарҳо: 0
Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба «Рӯзи китоб» 4 сентябр, Озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли 2016-ро баргузор менамояд.
Мақсади асосии озмун, баланд бардоштани мақоми китоб, самаранокӣ ва сифати кори китобдор ва китобхона дар ҷомеа, ташвиқ ва тарғиби соҳаи китобдорӣ, муайян ва муаррифӣ намудани фаъолияти босамар дар байни китобхонаҳо ва кормандони он, ҳавасмандгардонии китобдорону китобхонаҳо ва ташвиқу тарғиби мутолиаи китоб дар байни аҳолии кишвар мебошад. Тибқи талаботи Озмун, ҳуҷҷатҳо аз санаи 25 июн то 20 августи соли 2016 аз ҷониби Кумитаи тадорукоти озмун қабул карда мешавад. Иштирокчиёни озмун аз ҷониби ҳайати Ҳакамон, тибқи ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамуда баҳогузорӣ карда мешаванд. Озмун аз рӯи се номинатсия, «Китобдори сол», «Китобхонаи сол» ва «Китобхонаи шахсии сол» гузаронида шуда, ба ғолибони озмун аз ҷониби Кумитаи тадорукот «Диплом»-ҳо, «Ифтихорнома»-ҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаи «Гран-при» супорида мешавад. Натиҷаи озмун дар «Рӯзи китоб», 4 сентябр, дар ш. Душанбе дар семинари ҷумҳуриявии соҳаи китобдорӣ эълон карда мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.