Озмунҳо ҷамъбаст шуданд21-06-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 375 нафар
Назарҳо: 0
Дар доираи чорабиниҳо баҳри сазовор ҷашн гирифтани 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» дар ноҳия як қатор чорабиниҳо баргузор шуда истодаанд. Ба наздикӣ озмунҳои «Хонандаи сол» ва «Китобхони беҳтарин» байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ҷамъбаст гардид.
Мақсад аз баргузории чунин озмунҳо баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба илму дониш, такомули тафаккури мантиқии хонандагон, ифодаи озодонаи фикр, дарёфти истеъдодҳои нав, интихоби дурусти касб ва амсоли онҳо мебошад. Ҳамзамон, озмуни «Китобхони беҳтарин» аз рӯи шартҳои дар Низомномаи ифодаёфта ҷамъбаст гардид. Мувофиқи талаботи Низомномаи озмун иштирочиён рӯйхати китобҳои хондашудаи худро ба кумитаи тадорукот пешниҳод менамуданд. Ҷамъбаст нишон дод, ки дар озмуни «Хонандаи сол» 11 нафар ва дар озмуни «Китобхони беҳтарин» 7 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ҷойҳои ифтихориро ишғол намуда, сазовори Ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии шуъбаи маориф ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ гардиданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.