Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Бо хиради ваҳдатофарӣ ба сӯи фардо

Бо хиради ваҳдатофарӣ ба сӯи фардо

25-06-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 356 нафар
Назарҳо: 0
Ҳарчанд дар олам зиддияту душманӣ, қатлу куштор нифоқу ҷангҳо бештар мешавад, моро месазад, ки бештар ба қадри сулҳу ваҳдат ва ҳам бастагиву ягонагии миллату Ватани азизамон бирасем. Ба қадри он арзиши муқаддасе, ки номи миллати моро бо сулҳхоҳиву муттаҳидӣ дар олам шинохта кард, бештару бештар бирасем. Оре, Ваҳдат арзиши муқаддас будаву онро барои пойдории давлату сарҷамъии миллати тоҷик ба мо Худованд дар мавриди мувофиқе ато намуд, ки агар боз каме дер мекардем, дигар имрӯз чун ҳамсоягони хеш зери бори нангу ҷанг ба чандин даҳсолаҳо дар орзуи як соати осоиш мемондем. Инак, мо соҳибистиқлолу ваҳдатқаринем, гуфта метавонем бо ифтихор. Ваҳдате, ки дар пояи бахшишу сулҳу оштӣ ба миён омада, аз ҳастии миллати бузургу тамаддунофари тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён паём расонда, аз худу аз фарҳанги сулҳу салоҳи хеш дарак дод.

Мутаассифона, ҳанӯз ҳам кам нестанд афроде, ки ба сулҳи мо чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ бо чашми ҳасад менигаранд. Тӯли ин муддат ҳамасола иддае аз норозиёни раванди сулҳ ҳаққи мардум будани Ваҳдати моро сарфи назар карда, иддао пеш меоранд, ки гӯё баъзе аз мушкилоти иҷтимоӣ барои сулҳу салоҳи ояндаи мо хатар эҷод мекунад. Аммо маҳз хиради азалии мардум боис мегардад, ки тири ин адӯвони осоиштагӣ хок хӯрад ва раванди сулҳ безарар монад.

Аммо ку кишваре, ки дар он «Қишлоқи тиллоӣ»- афсонавиро бо бекаму костии зиндагӣ ва оромишу осоиши мудаввом бубинем. Имрӯзҳо чӣ дар Аврупову чӣ дар Осиё ҷомеаҳо ба коми нооромиву ҷангу хунрезӣ кашида мешаванд ва афроди бешуморе фалокатзадаву ломакон ба хотири як соати осоиш чӣ таҳқирҳоеро пушти сар мекунанду чӣ сарнавиштҳоеро қабул доранд. Ин ҳама рӯйдодҳо ҳушдореанд ба ҷомеаҳои ҷаҳон, ки ҳеҷ неъмате чун сулҳу осоиш қимат надорад. На сарват, на тараққиёт, на технологияи, пешрафтатарин он ҷое, ки ҷангу ҷидол аст, мояи зиндагии осоишта намегардад, ҳарчанд бе он дигар зиндагиро тасаввур карда намешавад.

То ба ҳол кинатӯзоне ҳастанд, ки ба хотири алами ба дил мондаи хеш ҳадафи аслии сулҳро, ки фақат тақсими вазифа набуд, дигаргуна ташреҳ карданӣ мешаванд.

Қаҳрамонони сулҳи тоҷикон мардони асили ватандӯсту ҷонфидо, ки ба қимати ҷон ва хатари марг нигоҳ накарда, «ҷанги моро» ба «сулҳи мо» бадал карданд, албатта ҳадафҳои асоситар ва арзишмандтар доштанду имрӯз таърихи зиёда аз бистсолаи охир ҳақ будани онҳоро собит кардааст. Осон набуд барои ду сангари даргир барои ду бародари душман, барои як хонадони дутақсим, барои як кишвари ба қишрҳои садтақсиму дар итоати дигарон буда ва ба ҳадафҳои муғризонаи худиву бегона мувоҷеҳро ба ҳам омадан. Сангарҳо аз миён бардошта шуданд, муҳоҷирони иҷборан тарки хонаву дар карда ба Ватан баргардонида шуданд,дасти оштӣ ба ҳам дода шуд вале аз ҳама муҳим кинаву адоват аз дилҳои мардум зудуда гашт. Аммо на аз ҳама қалбҳо, ки то ба имрӯз бархе аз он носипосони ҷоҳталаб ба ваҳдати миллат назари дигар доранд.

Аммо хушбахтии мо дар ин аст, ки мардуми ба ваҳдатрасида ин суботу осудагии Ватанро болотар аз ҳама манфиатҳо гузошта, онро ба ягон арзиши дунёӣ иваз намекунад. Зеро барои инсонҳо Ваҳдат ин суботи ҷомеа, сарҷамъии мардум ва осудагии хонадону фарзандон, амнияти сарзамини аҷдодист, зеро ин воқеан ваҳдати халқ аст. Дар муқобили ҳамдилии мардум чанд нафаре албатта ҳеҷ аст, вале мардум инро бояд хуб донад, ки камтарин сулҳ аз як соати душманӣ болотар аст.

Ваҳдати миллат маҳз ба хотири ҳамин миллате буд, ки имрӯз онро чун дастоварди худ ҷашн бигиранд ва мегиранд. Ваҳдат ба хотири он буд, ки дар хандаи беғаши тифлон оҳанги сурур эҳсос шавад ва хоҳад шуд. Ваҳдат ба хотири он буд, қавмҳои гурезони ҷанг, ки акнун дар кишвари бегонае мотамбасару дастнигар буданд ба хонаи худ, ба Ватан баргарданд ва соҳибхона шаванд, баргаштанд ва шуданд, Ваҳдат ба хотири хатми қатли бародар аз дасти бародар, душмании падар бо писар буд, сад шукр, ки ин ҳама даҳшат хотима ёфт. Ваҳдат ба хотири якпорчагии марзу буми озоди тоҷикон буду ҳаст, ки мо инак соҳиби Тоҷикистони соҳибмарзи худу соҳибистиқлолем. Ваҳдат ин на танхо дастархони пурнон, ҳамчунин осудагии виҷдон ва пойдории имон аст, ки мо каму беши нони меҳнатии ҳалоли худро оромонаву бо сари баланд дар сари хони худ дар Ватани хеш бо амонӣ мехурем.

Ин Ваҳдат аст, ки ба мо он эътимодеро, ки имрӯз барои фардои будани худу насли ояндаамон дорем, бароямон додааст.

Барои Ваҳдате, ки тоҷикон бо интихоби дурусти ҷодаи хештаншиносӣ ба он расидаанд, Пешвои миллати мо, ки пештар аз худи мо ҳанӯз панҷ сол муқаддам сиёсатмадорони дунё ва халқҳои дигар ӯро ба ҳайси «Пешвои асри 21» унвони ифтихорӣ додаву дар сатҳи ҷаҳонӣ этироф кардаанд ва ҳамқадамону ҳамфикрони ӯ дар ҳарду сангар ҳам новобаста аз саддгузориҳои ҳамтоёни худ, он солҳо ва имрӯзҳо ҳам гузаштҳои зиёде кардаанд. Дар ин роҳ мо қурбониёни кам надорем, зеро роҳе, ки ба Ваҳдат расонид, чун роҳҳои имрӯзи кишварамон тахту ҳамвор набуд.

Агар он замон мақсад аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, таъмини пойдории амнияту оштӣ буд, имрӯз мақсад ба ояндаи босаодат расонидани он соҳибони ваҳдат аст. Зеро мардуми ранҷбару азиятдидаи мо тамоми мушкилоти даврони баъдиҷангиро, ки мушкилтар аз замони ҷанг буд, паси сар намуда, акнун ба марҳилаи ободию созандагии Ватан расидааст ва ҳақдорад, ки дар ояндаи наздик зиндагии шоистаеро бисозад.

Сулҳу ваҳдати миллӣ ва бақои он, бешак моли халқ аст, ки бо ҷоннисорӣ ва сарвариву роҳбарии мардони хирад аз ҳарду сангар ба даст омад. Ва ягон нафаре ё гурӯҳи алоҳидае ҳуқуқи онро надорад, ки ба пойдории он ҳатто сояи шубҳа андозад.Онро ба худ ё ба бегонае нисбат бидиҳад, зеро танҳо хиради ваҳдатофарӣ, ки он аз ирсияти миллати мо сарчашма мегирад, метавонад пояи устувору бақои якдилӣ ва ҳамбастагии миллату Ватан бошад. Ҳар як фарди комилақлу худогоҳро мебояд, натанҳо худ барои пойдории Сулҳу Ваҳдат, ки ҷумлаи комёбию муваффақиятҳои мо дар пояи он қарор дорад, эҳсоси масъулият дошта бошад, балки дигаронро хоса ояндагонро ҳидоятгарӣ намояд, ки ба қадри ин арзиши муқаддас бирасанд.

Ваҳдатро танҳо фарзанди зодаи хиради тоҷикон метавон номид. Тоҷиконе, ки то ҳол дар таърихи башар ба ҳайси як миллате, ки бо инсондӯстиву хайрхоҳияшон шинохтаву эътироф гаштаанд ва бояд ҳамчунин бимонанд.

Расидан то имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, чун фарзанди зодаи хирад, чун расми қадимаи дароз кардани дасти сулҳу оштӣ, оғӯш кушодан ба бародаре, ки ҳатто дар сангари муқобил камон дар даст ба рағми ту нишастааст, ҳамчун як иқдоми таърихии Сарвари миллати мо пазируфта шудааст, ки он ҳам ҷаҳониёнро қойил кардааст. Бешак, он нақши таърихӣ дар гузориши ин қадами аввалдар баробари талошҳои дигари дар ин ҷода доштаи ин сиёсатмадоре, ки то ба имрӯз миллату меҳан ба хотири он хидмати таърихияш боз ҳам бештар дӯсташ медоранду эътирофаш мекунанд ва имрӯз барои гузоштани он нахустиқдоми хирадмандонааш дар роҳи осоиши мардум баҳои баланди «Сулаҳовар»-ро гирифтаву акнун ба унвони воқеии худ Пешвои миллатро сазовор гаштааст, буду ҳаст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он лаҳзаҳои тақдирсоз тавонист, ки ба хотири ояндаи миллату давлат ба халқи он замон азияткашидаву бегуноҳи тоҷик, ки ба даргириҳои нозарури мансабхоҳон кашида шуда, пайи оташ задани зодбуми хеш бо раҳгумӣ қодир ба ҳар амали зишт буд, ба хотири аз роҳи хато баргаштанаш нақши раҳнамоиро бар дӯш бигирад.

Бахшида тавонист, бахшишро қабул карда тавонист, гузашт кард ва гузаштро қабул намуд, даст дод ва даст гирифт ва ояндаи миллату меҳанро бо чашми адолату ҳақ дида тавонист ва он роҳи ҳақро ба дигарон ҳам нишон дод. Ӯ дарк кард, ки танҳо, бо мардуми хеш метавонад ояндаро созад, бовар ба мардум намояд. Ин аст, ки то имрӯз баҳри пойдории сулҳ ва истиқрори он ин такягоҳи боэътимод қавию мустаҳкам дар пушти ӯст.

Барои ҷовидонагии Ваҳдати бар ивази ҷонҳо ба даст овардаи мо месазад, ки халқи тоҷик аз ирсияти ваҳдатофарии хеш дур нагардад ва ба хотири он сарсупурдаҳои роҳи озодиву ободӣ ва ягонагии ба дастовардаамон зери ливои Истиқлолият, Сулҳ, Озодӣ, Ҳамбастагӣ, Якпорчагӣ, Ваҳдат бо доштани ифтихори миллӣ дар идомаи ин роҳи ростиву накӯӣ, даст ба дасти ҳам бошанд.

Ваҳдат бояд дар шарёни хуни мо, дар таппиши қалби мо дар рӯҳу равони мо, дар ҷони мо, дар шуури мо ба таври ҳамешагӣ бошад, зеро он роҳи ягонаи раҳоӣ аз адами маънавию ҷисмонӣ ва кафолати мавҷудияти Истиқлолияту пояндагии Тоҷикистони мо ҳамчун давлат аст.
Ҳуриннисо Ализода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: