Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Аз Созишномаи умумии истиқрори сулх ва ризоияти миллии тоҷикон 19-сол сипарӣ мешавад

Аз Созишномаи умумии истиқрори сулх ва ризоияти миллии тоҷикон 19-сол сипарӣ мешавад

7-06-2016, 07:30
Хабарро хонданд: 2576 нафар
Назарҳо: 1
Аз Созишномаи умумии истиқрори сулх ва ризоияти миллии тоҷикон 19-сол сипарӣ мешавадДар бораи ахамияти Созишномаи умумии истиқрори сулх ва ризоияти миллии Тоҷикистон Пешвои миллат Президенти кишвар Эмомалиӣ Рахмон гуфтааст: «Созишномаи умумӣ аз лихози ахамияти фавкулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумхурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расми истиклол ва сохибихтиёри ато карда бошад, пас ин Созишнома сулху суботро дар сарзамини мо таъмин сохт». Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози гардиши куллӣ дар хаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид. Аз таърихи инсоният мо медонем, ки дар марҳалахои гуногуни зиндагӣ, бинобар сабабхо ва омилхои айни ва зехнӣ унсурҳои таъминкунандаи ваҳдат халалдор шуда, боиси парокандагӣ ва ҳатто нобудшавии қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо шудаанд. Ба миллати точик низ борҳо хатари парокандагию нобудӣ тахдид карда, давлатҳои эҷодкардааш рӯ ба завол шуда, вале дар тӯли бештар аз хазор сол худро аз махвшави наҷот дода, то ба истиклолияти миллию давлатӣ расид. Ҷанги шахрвандӣ барои хоҷагии халки мо хисороти азимеро оварда, боиси халокати даххо хазор одамон гардид. Тавре ки ҳамаамон дар ёд дорем, аз рӯзхои аввали соҳибистиқлол гаштани Ҷумхуриамон гурӯҳҳои алохидаи сустиродаи кишварамон таҳти таъсири андешахои тундгароёнаи доираву нерӯҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ карор гирифта, Ҷумхуриамонро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан ба кашмакашиҳои мусаллаҳона кашиданд. Майдоннишиниҳои дар Тоҷикистон бавучудомада нақшаи фалаҷ кардани хаёти иктисодӣ, иҷтимоӣ, идорӣ ва маънавиро доштанд. Албатта, ҳар як давлату чомеа ба душворию буҳрон дучор мешавад ва бо роҳҳои гуногун ин мушкилиҳоро ҳаллу фасл мекунанд. Дар кишварҳои Ғарбӣ ва Шарқӣ низ ҷангҳои дохилӣ ва задухӯрдҳою кашокашҳои ба хунрезиҳо оварда, кам набуданд. Вале табиати сулҳҷӯёна ва характери миллии тоҷикон, ки ҳамеша ба гузашт ва созиш моил аст, агарчи дар таърихи гузашта боиси аз даст додани манфиатҳои хаётӣ шуда буд, ин дафъа барои дарки манфиатҳои умумимиллӣ мусоидат кард. Ин як навъ дурандешӣ ва хирадмандиро ифода мекард. Вобаста ба ин, дар яке аз суханронихои худ Пешвои миллат раиси Ҷумхур Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки «даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад». Рӯзи аввали фаъолияти худ ба сифати сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд, ки: «ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам». Ин сулҳ боварии даххо ҳазор хамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ гарм намуд. Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Точикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халкамон ба мо муяссар гардид. Вахдати миллӣ пеш аз хама ягонагии тамоми қишрҳо, ниходҳо ва неруҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Зарур ба таъкид аст, ки дар зери мафҳуми «миллат» бояд танҳо ягонагии этникӣ, яъне ваҳдати танҳо тоҷикон фахмида нашавад, балки ваҳдати тамоми сокинони кишвар новобаста аз мансубияти миллию динӣ дар назар дошта шавад. Ваҳдати миллӣ, ба таври дигар, афзал донистани манфиатҳои миллӣ аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳи ва монанди инҳост. Зеро ҳеҷ яке аз манфиатҳои шахсӣ ё гурӯҳи дар алохидагӣ берун аз доираи манфиатҳои миллӣ вучуд дошта наметавонанд. Аз ин нигох, Ваҳдати миллӣ тарзи ҳастии миллат ба шумор меравад. Масъалае, чун дарки зарурати Вахдати мили ва аз Вахдати миллӣ вобаста будани тақдир ва ояндаи миллат ва амсоли онхо худ сатҳи баланди рушди шуур ва фарҳанги сиёсиро тақозо менамоянд. Дар муддати нӯздаҳ сол, ки аз Созишномаи умумии истикрори сулҳ ва ризоияти милли мегузарад, Ваҳдати миллӣ дар кишвари мо решаи мустаҳкам давонд ва боровар гардид. Вале барои ҳифзи ҳамешагии он омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлокии тахкимбахши онро пайваста дар назар гирифтан, кадрҳои соҳаҳои гуногун, махсусан ҷавононро дар рӯхияи ватандӯсти ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ тарбия намудан аз зарарҳои ифротгароӣ, махалгароӣ, мансабпарастӣ бохабар кардан, вазифаи муҳими ватандории тамоми чомеа, махсусан, роҳбарони сатҳҳои гуногун махсуб мешавад. Бесабаб нест, ки созмонҳои байналмиллалӣ ва доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофарини байналмиллалӣ донистаанд. Бояд кайд кард, ки дар давраи ҷахонишавӣ дар тамоми ҷаҳон раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодааст, ки инсониятро ба гирдоби таҳлука тела медихад. Тамоми донишмандони инсонпарвар ва сиёсатмадорони дурандеш аз ин ҷараён дар ташвишанд. Бархурдхои сиёсиву муборизаҳои гурӯҳӣ далолат бар он доранд, ки мо бояд ба қадри сулҳу суботи кишварамон бирасем ва ҳамчунин дар ҳифзи истиқлолият саҳми муносиб гузошта, арзишҳои сулҳу ваҳдати миллиро ҳифз намоем. Аз ин рӯ, арзиши олӣ, арзише, ки новобаста аз мансубияти миллию динӣ метавонад тамоми миллатҳо, гурӯҳу ниходхо ва неруҳои иҷтимоиро дар кишвар ба ҳам бипайвандад, аввалан, ин фазои оромиву осуда ва зиндагии тинҷу беолоиши сокинони кишвар аст. Вахдати милли хамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони эътирофшуда дар ҷумхуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шахрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид мухайё гардад. Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффакиятҳои назарраси сиёсӣ, иктисодӣ, ичтимоӣ, илмӣ ва фархангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст.

Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва мукаддас – Ваҳдати миллиро пос дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.
Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Мехрубон 21 мая 2024 16:54
Накши оштии милли ком дар татбики созишнома
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: