Ваҳдат - тантанаи якдилии зиндагӣ24-06-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 254 нафар
Назарҳо: 0
![]() Ба хости Худованди корсоз ва бахти миллати тоҷик чунин шахсияти камназир дар як давраи ҳассоси таърихӣ сари кор омаду аз баракати мақдамаш неъмату нуру зиё ва сулҳу сафо ба диёри мо омад. Маҳз матонату ҷасорати фарзанди фарзонаи миллат, сарвари оқилу хирадманд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз мо – сокинони Тоҷикистони азиз дар фазои ваҳдату якдилӣ зиндагӣ ва кору фаъолият карда истодаем. Ваҳдати миллӣ нақшбанди озодӣ, ягонагӣ, оромиш, ҳамсадоиву ҳамнавоз ва сафҳаи тозатарини тақдири миллати мост. Оини муҳаббату садоқати халқи тоҷик нав нест, балки мероси зеҳнии ниёгони мост, ки ҳамеша хирадро омили ягонаи созиш ва эҳёгарӣ дониставу ба он такя намудаанд. Соли 2005 дар арафаи ҷашни Ваҳдат нахустҷоизаи олӣ – медали тиллоӣ «Барои таҳкими сулҳ ва ризояти байни халқҳо» дар байни сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил насиби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид, ки ин шаҳодат аз нерӯи азими сиёсатмадорӣ, истеъдоди нодири сулҳоварӣ буд ва арҷгузории дунёи мутамаддин ба як нафар сиёсатмадори мушкилписанд, кафили фардои мусаффо ва қосиди сулҳи босубот гардид. Бо шарофати Ваҳдати миллӣ соҳаҳои гуногуни мухталифи мардуми кишвар, яъне сохтмону саноат, кишоварзӣ, варзишу сайёҳӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳангу маданият низ рӯ ба пешравӣ ниҳодаанд. Имрӯз тавассути дониши волои донишҷӯёни бонангу номуси миллат дар арсаи байналмилалӣ ва дохили кишвар дастовардҳои зиёд ба даст омада истодааст. Дар ноҳияи Ёвон Коллеҷи тиббӣ фаъолият менамояд, ки дар ҳоли ҳозир зиёда аз 1112 нафар донишҷӯён аз тамоми манотиқи кишвар дар он таҳсил менамоянд. ![]() Бо мақсади ёдоварӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва Ваҳдати миллӣ дар асоси ҷадвари баргузории суҳбату вохӯриҳо муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоева Саёҳат ва раиси комиссияи кор бо занон ва оилаи назди КИ ҲХДТ дар ноҳия Саидова Гулрухсор бо донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ вохӯрӣ доир намуданд. Дар вохӯрӣ масоили расидан ба қадри сулҳу суббот, Ваҳдати миллӣ, дастовардҳои даврони 25 соли соҳибистиқлолии кишвар суханронӣ гардид. Зимни вохӯрӣ қайд карда шуд, ки донишҷӯёни Коллеҷ, ки аз тамоми минтақаҳои кишвар дар ин ҷо таҳсил менамоянд, бояд байни ҳамдигар дӯст, иттифоқ бошанд ва ҳамдигарфаҳмӣ бояд шиори доимии онҳо гардад. ![]() Бояд мо, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳамин гуна иттифоқу ҳамбастагӣ даст ба дасти ҳамдигар дода, дар гирди Сарвари давлатамон, ки ҳадафаш ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани Тоҷикистони ободу қудратманд аст, муттаҳид гашта, кӯшиш намоем, ки сазовори номи ниёгони шарафманди худ бошем. Зиндаву ҷовид бод он ном ва корнамоиҳои фарзандони асили фардои миллати тоҷик ва сиёсати пешгирифтаи абармарди дунёи сиёсат Эмомалӣ Раҳмон. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.