Ваҳдат кафили пирӯзии мост!25-06-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 308 нафар
Назарҳо: 0
"Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст".
Эмомалӣ Раҳмон Сокинони кишвар дар пайи истиқболи шоистаи ҷашни мубораки Рӯзи ваҳдати миллӣ омодагӣ доранд. Фазои идона аз қудуми нишотбахши ин санаи фархунда тамоми қаламрави мамлакатро фаро гирифтааст. Мардум бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ҳар соли ин рӯзи фирӯзро бо дастовезҳои арзанда дар самти бунёдкорию ободгарӣ истиқбол менамоянд. Ин суннати нек ба ҳукми анъана даромадааст. Заҳмати фидокоронаи мардум дар ростои бунёди давлати мутамаддину рушдкарда, пуштибонии воқеии онҳоро аз сиёсати созандаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозгӯ менамояд. Мушоҳидаи таҳаввулоту пешрафти ҷомеа таи ин муддат азму ҷазми қатъии мардумро дар масири шукуфоии беш аз пеши Ватан ҷилвагар месозад. Арҷгузорӣ ва тантанаи шукӯҳманди ин ҷашн барои тарбияи насли наврас беҳтарин мактаби хештаншиносист. Онҳо бояд ба чӣ баҳое ба даст омадани суботи оромиро донанд ва меъмори сулҳи миллат фарзанди фидокори тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро шиносанд. Ҳамин Ваҳдату оштии миллӣ буд, ки кишвари тозаистиқлоли моро аз вартаи фаноӣ наҷот дод. Маҳз Ваҳдати миллӣ ба сифати як шакли зуҳури андешаҳои миллӣ дар пойдории халқу кишвари мо нақши калон бозид. Маҳз, ана ҳамин андешаҳои миллӣ, миллати моро аз имтиҳони таърих сарбаландона раҳоӣ бахшида, ба соҳили умеду орзуҳо сарбаландона расонид. Бояд хотирнишон кард, ки ақлу заковати азалӣ, ваҳдатпарастиву бахшиданҳо ва ниҳоят ба дарки асосии воқеъият расидан моро аз вартаи ҷудоӣ раҳо намуд ва ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамун сохт ва дар кишвари мо Ваҳдату ҳамдилиро пойдор гардонд. Маҳз, бо ибтикори Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, 27-июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид. Ҳамин аст, ки Сарвари давлати мо аз рӯзи аввали сари қудрат омаданаш баҳри ба даст овардани сулҳ хизматҳои зиёде кардаву сулҳофарӣ чун сифати асосии ӯст. Ҳамин тавр сулҳи тоҷикон бо дарёфти ҳадафи аслии таърихи миллат, яъне Ваҳдати миллӣ расид. Ва дар ниҳоят Сулҳ, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии тоҷикон мафҳумҳои азиз барои ҳар фарди Тоҷикистон гардид. Ин имкон дод, ки кишвари мо ба марҳилаи нави давлатдории миллӣ қадамҳои устувори худро гузошта, ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ ва пеш гирифтани ислоҳотҳои куллиро дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ амалӣ созад. Бахусус, пешрафти соҳаҳои маориф, энергетика, роҳҳову коммуникатсия, саноату кишоварзӣ ба сиёсати стратегии кишвар табдил ёфт. Таи чанд соли охир ин соҳаҳо ба самтҳои асосии фаъолияти ҳукумати кишвар мубаддал гардида, дар Паёмҳои солонаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии мамлакат расонида мешавад. Махсусан, ба пешрафти соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Рӯз аз рӯз дар сохтори маорифи мамлакат ҳам дигаргуниҳои куллӣ даст дода истодаанд, ки гувоҳ аз дастгирии ҳукумат аст. Расидан ба Ваҳдати миллӣ боиси он гардид, ки миллат ба фатҳи қуллаҳои нав ба нав дар ҳамаи соҳаҳо муваффақ гардад. Имрӯз, чун дар остонаи 19-умин солгарди таҷлили рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем, назди худ суол хоҳем кард, ки ин санаи тақдирсоз барои миллати мо чӣ дод? Албатта ҷавоби ин суол бояд аз ҷониби ҳар шаҳрванди мо чунин бошад, ки Ваҳдат барои Тоҷикистониён: - ягонагию якпорчагӣ, якдилию ҳамраъйӣ, иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ, ташаккули шуури миллӣ; - ифтихори миллӣ, ҳуввият ва арзишҳои миллӣ, осоиши минтақа ва кишвар; - баланд бардоштани нуфузи мамлакат дар сатҳи ҷаҳонӣ; - бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси равандҳои демократӣ; - ба даст овардани итминони ҷомеаи байналмилалӣ бо суботи ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди кишвар; -таъмини пешрафти созандагӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, кафолати зиндагии шоиставу шарафмандона ба ҳар сокини кишвар ва ғайраҳо мебошад. Аз ин хотир, фурсате моро даст додаст, ки барои Ваҳдату пешрафти кишвар сарҷамъона дасти ҳам бигирему пайи ободии он бикӯшем. Муслима Ҳасанова, Омузгор |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.