25 ҳафтаи корҳои созандагиву ободонӣ27-05-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 325 нафар
Назарҳо: 0
Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти Давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон 25 ҳафтаи корҳои созандагиву ободонии Ватан эълон гардид. То ин рӯз чунин чорабиниҳо таҳти унвони “Наврӯзи байналмилалӣ”,”Тарбияи Ватандӯстӣ”, “Варзиш баҳри сулҳу ваҳдат ва тараққиёт”, “Чорабиниҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар миёни ҷавонон”, “Ҳифзи муҳити зист”, “Тарғиби муҳити биҳиштосои Ватан”, “Аёдат ва қадрдонии иштирокчиёни ҶБВ” ва” Китоб дӯсти Кӯдакону наврасон”, “Боздид аз осорхонаҳо”, “Ҷавонӣ” ва ғайраҳо доир гардид.
Хафтаи сипаригардида ба ҷавонон бахшида шуд. Дар чорчӯбаи он озмуни Суханвари беҳтарин доир гардид, ки дар он чавонон аз ҳисоби кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф ва бонкҳои шаҳр иштирок намуданд. Озмуни Суханвари беҳтарин бо мақсади дарёфти чеҳраҳои ҷавони суханвар, тарбияи кадрҳои ҷавони болаёқат ва дорои дониши амиқи сиёсиву маҳорати волои суханварӣ бо фарогирии тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ду давр сурат мегирад. Дар чорчӯбаи даври якум озмуни мазкур миёни кормандони муассисаҳои таълимии шаҳр дар МТМУ №18 барпо шуд. Ҳайати ҳакамон ба маҳорати суханварӣ, шеърхонӣ, дониши сиёсӣ ва фарҳанги либоспӯшии иштирокчиён баҳо доданд ва ғолибон бо тӯҳфаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сазовор гардиданд. Даври дуюми озмуни Суханвари беҳтарин санаи 28 майи соли равон баргузор мегардад. Дар ҷараёни чорабинии 25 ҳафтаи корҳои ободониву созандагӣ беш аз ---- нафар аъзои ҷавони ҳизб баҳри ободу зебо кардани шаҳри Турсунзода тавассути ҳашарҳои умумихалқӣ саҳми босазо гузоштанд. Бар иловаи чорабиниҳои фарҳангӣ корҳои тозакунии кӯчаҳо, соҳили дарёву каналҳо, ба тартиб даровардани беш аз 35 гектар ҷангалзори атрофи шаҳр, сохтмони бинои маъмурии ҳизб, ки бояд дар арафаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирад, амалӣ гардиданд. Инчунин дар арафаи Ҷашни 71-солагии Ғалаба дар доираи ин чорабиниҳо аъзои ҷавони ҳизб аз вазъи зиндагонии собиқадорони ҶБВ хабар гирифта, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ нақша дорад, ки чунин чорабиниҳоро то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ боз ҳам рангину ҷолибтар ба роҳ монад. Нодираи Муҳаммадзод |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.