Ҷашни миллию фарҳангии миллати тоҷик30-03-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 393 нафар
Назарҳо: 0
Чун ҳамасола дар доираи сазовор таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар баробари дигар ташкилоту муассисаҳо, инчунин Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино низ тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ҳизбии ноҳия ин ҷашни миллиро, ки дар арафаи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дигар ҷашнҳои муҳими кишвар рост омадааст, бо ифодаи арзишҳои ниёгони гузаштаамон таҷлил менамояд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино бахшида ба таҷлил Иди Наврӯзи байналмилалӣ чанд рӯз пештар дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молиячӣ»-и Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки Н.Назаров – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва аҳли кормандони он базми идона зери шиори «Наврӯз - ҷашни миллию фарҳангии миллати тоҷик» доир гардид. Сараввал чорабиниро Ректори Донишкада, раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ Солиев Ашурбой бо суханронии табрикоти оғоз намуда, ба муносибати ин рӯзи саид ва ҷашни барои ҳар яки мо бузургу муқаддас, ки чанд сол инҷониб мақоми байналмилалӣ гирифтааст, тамоми меҳмонону устодон, донишҷӯён ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро сидқан табрику таҳният намуд. Аз ҷумла ӯ зимни баромади хеш аз суханронии Пешвои миллат, Сарвари давлат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, қайд намуд, ки «Нарӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи зиндагисозу тамаддунофари аҷдоди тоҷикон пайванди ногусастанӣ дошта, расму ойинҳои он дорои рамзҳое мебошад, ки аз қадим то имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву ободгар ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо созгоранд». Инчунин, Н.Назаров – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино баромад намуда, ҳамагонро ба муносибати ин ҷашни аҷдодии миллати тоҷик табрик намуд. Зимни баргузории чорабинӣ бо иқдоми ҳар як бахши донишкада бо оростани дастархони идона ва инъикоси арзишҳои миллию фарҳангӣ намоишҳо бо пешкаши таъомҳои миллӣ доир гардид, ки донишҷӯдухтарон ба меҳмонону тамошобинон санъати дӯзандагию кадбонугии занони тоҷикро, ки аз таърихи кӯҳани занони миллати тоҷик боқӣ мондааст нишон доданд. Инчунин бо иштироки ҷавонони донишкада чорабиниҳои варзишӣ, аз қабили гуштини миллӣ, бандкашӣ, зӯрозмоӣ ва дигар намудҳои варзиши муосир доир гардиданд, ки табъи ҳозиринро болидахотир намуданд. Ҳамчунин, зимни чорабинӣ дар баробари чорабиниҳои фарҳангию миллӣ, инчунин миёни донишҷӯёни факултетҳои донишкада мусобиқаҳои варзишӣ, бо мақсади дар рӯҳияи тарбияи ватандӯстии намудани ҷавонон доир карда шуд. Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино устодон ва ҷавонони фаъоли донишкада бо ифтихорнома ва туҳфаҳои пулию молӣ сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷумла дар доираи ин чорабинӣ бо мақсади дастгирӣ намудани оилаҳои камбизоат ва тифлакони ятиму бепарастор Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ибтидоии «Дардошно»-и Маркази саломатии шаҳрии №10 ҷашни Наврӯзро ифтитоҳ намуд. Дар доираи ин чорабинӣ 27 нафар тифлакони ятим ва аз оилаҳои камбизоат тӯйи суннатӣ карда шуданд Инчунин барои фаъолияти бенуқсону хуб доштан ба як қатор табибони фаъол, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Сино ифтихорнома ва туҳфаҳои пулӣ дода шуд. Мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино А.Муминов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.