Боз як муваффақияти «Сомон эйр»24-05-2016, 17:30
Хабарро хонданд: 426 нафар
Назарҳо: 0
Дар миёни ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон аввалин шуда ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо муваффақият аз аудити амалии бехатарии парвозҳои IATA (IOSA) гузашта, оиди ба қайд гирифтани ширкати ҳавопаймоӣ ба сифати оператори IOSA сертификат гирифт. 20 май зимни баргузории як маросим дар шаҳри Душанбе намояндаи минтақавии Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавопаймоӣ дар Осиёи Марказӣ Джордан Карамалаков ба директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Эвхенио Хайме Манзано сертификатро супурд.
Дар ҷараёни аудит, ки гузаштани он барои дархости аъзои комилҳуқуқи IATA (Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ) ҳатмӣ мебошад, кулли раёсатҳои истеҳсолии ин ширкати ҳавопаймоӣ санҷида шуданд. Бо дарёфти сертификати бақайдгирӣ ба сифати оператори IOSA, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба талаботи бехатарии парвозҳо ҷавобгӯ гардид. Пас аз 8 соли фаъолият ширкати мазкур ҳамоно пешсафи соҳа буда, дастёбӣ ба сертификати бақайдгирии ширкат ба сифати оператори IOSA марҳилаи навин дар таърихи музаффариятҳои «Сомон Эйр» аст. Бино ба иттилои Хадамоти матбуотии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ин дастовард инъикосгари устувории ширкат ва фаъолияти мутахассисони кордони он мебошад, ки метавон ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо бо ширкатҳои ҳавопаймоии аъзои IATA (Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ) умедвор шуд. Ёдовар мешавем, имрӯз «Сомон Эйр» аз Тоҷикистон ба кишварҳои Олмон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Хитой, Русия, Қазоқистон, Покистон ва Афғонистон тавассути ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 парвозҳоро ба роҳ мондааст. Алӣ Ҷӯра |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.