Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Парвози ҳавопаймоҳо дар фазои Тоҷикистон кам шуд

Парвози ҳавопаймоҳо дар фазои Тоҷикистон кам шуд

5-02-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 416 нафар
Назарҳо: 0
Парвози ҳавопаймоҳо дар фазои Тоҷикистон кам шудМақомоти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» мегӯянд, парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои хориҷӣ бо истифода аз фазои Тоҷикистон дар соли 2015 кам шудааст.

Директори генералии ин корхона Иброҳим Ҷобиров рӯзи 29 январ ба хабарнигорон гуфт, ки ин муассиса дар соли гузашта ба 50 ҳазору 242 ҳавопаймо хидмат кард, ки аз ин шумора 3 ҳазору 517 ҳавопаймо нисбат ба омори соли 2014 кам аст.

Вай як сабаби 6,5 дарсад коҳиш ёфтани миқдори ҳавопаймоҳои аз масири ҳавоии Тоҷикистон парвозкардаро тӯли давраи ҳисоботӣ дар таъсири шиддати буҳрони иқтисодӣ ба фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ донист.

Кам шудани парвозҳои транзитӣ тариқи хатҳои ҳавоии таъиншуда, ки аз фазои Тоҷикистон мегузаранд, коҳиши парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои ватаниву хориҷӣ ба самти Федератсияи Русия, давр зада гузаштани ҳавопаймоҳои Ӯзбекистон ҳам аз дигар сабаби кам гардидани мавриди истифодаи фазои кишварамон шудааст.

Дар ҳамин ҳол, қатъи фаъолияти густурдаи нерӯҳои ҳавоии эътилофи байналмилалии зидди терроризм дар Афғонистон мумкин аст, як сабаби дигар дар коҳиши мизони парвозҳо аз ҳарими ҳавоии Тоҷикистон шуда бошад.

КВД «Тоҷикаэронавигатсия» аз ниҳодҳое аст, ки таъмини бехатарии ҳар гуна парвози ҳавопаймо дар фазои Тоҷикистонро таъмин мекунад. Танзими мунтазами тадбирҳо барои таҷҳизи воситаҳои таъмини радиотехникӣ, метеорологӣ ва ғайра низ аз бахшҳои асосӣ дар фаъолияти ин ниҳод мебошад.

Тибқи гузориши мақомот, ин муассиса дар соли гузашта ба 200 ширкати ҳавопаймоии ватаниву хориҷӣ ҳамкорӣ кардааст.

Аз ҷумла 17 ширкати иҷрокунандаи парвозҳои доимӣ ва 183 ширкати парвозҳои ғайридоимӣ аз хидмати ин ниҳод истифода бурдаанд. Ба гуфтаи масъулони ин корхона, дар соли 2015 барои иҷрои парвозҳо 80 навъи ҳавопаймо аз аэродромҳои кишварамон истифода намуданд.
©Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: