Саҳми Нериё Аминов дар рушди «Шашмақом»19-05-2016, 10:30
Хабарро хонданд: 454 нафар
Назарҳо: 0
Бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди баноми Нериё Аминови шаҳри Ню–Йорк бахшида ба 100-солагии ҳунарманди мумтози сабки “Шашмақом” устод Нериё Аминов, 29-уми майи соли равон, соати 16:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барномаи консертӣ бо иштироки беҳтаринсарояндагони “Шашмақом” баргузор мегардад.
Нериё Аминов аз зумраи саршиносони санъати касбии мусиқии тоҷик ба ҳисоб меравад, ки қариб тамоми умри пурбаракати хешро сарфи хидмат ба мардуми Тоҷикистон намудааст. Номбурда соли 1916 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Аз соли 1939 то соли 1977 овозхони дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон буд. Устодони забардасти мусиқии классикии тоҷик, донандагони дурдонаҳои «Шашмақом» Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов бо мадади ҳамсафону шогирдон Нериё Аминов, Маҷид Ҳомидов, Барно Исҳоқова, Фариза Сайдуллоева, Боймуҳаммад Ниёзов ва дигарон дастаро шуҳратёр гардонданд. Бори аввал асарҳои пурраи классикии «Шашмақом», ки беш аз 350 оҳангро дар бар мегиранд, соли 1977 дар системаи «Моно» сабт ва ба хазинаи тиллоии радиои тоҷик гузошта шуданд. Саҳми Нериё Аминов дар рушди мусиқии суннатии тоҷикон - «Шашмақом» басо назаррас аст. Ӯ бо шеваи фаҳмову возеҳ ва услуби хос анъанаҳои шашмақомхониро идомаю такмил бахшидааст. Дар хазинаи тиллоии радиои тоҷик суруду таронаҳои мавсуф, аз қабили «То боди сабо», “Чи донӣ”, “Зулфи парешон”, «Гиря», «Хубрӯён», «Насруллоӣ», «Шаҳноз», «Даромади ушшоқ» ва ғайра даҳсолаҳост, ки хотири мухлисони ин санъати асилро шод мегардонад. Нериё Аминов аз 80 сол умри бобаракати худ 60 соли онро дар Тоҷикистон сипарӣ намуда, онро ватани аслиии хеш ҳисоб мекард. Хидматҳои содиқона дар рушду нумӯи санъати тоҷик ӯ бо унвонҳои фахрии “Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон” ва “Ҳофизи халқии Тоҷикистон” қадрдонӣ шудааст А.Ҷӯра |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.