Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Мақомоти Шветсия зодаи Ӯзбекистонро меҷӯянд

Мақомоти Шветсия зодаи Ӯзбекистонро меҷӯянд

11-03-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 227 нафар
Назарҳо: 0
Мақомоти Шветсия зодаи Ӯзбекистонро меҷӯянд
Матбуоти Шветсия менависад, мақомоти ин кишвар Умед Аминови 37-сола, зодаи Ӯзбекистон ва шаҳрванди Русияро дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додаанд.

Ин мард дар куштори имоми ӯзбек Обидхон қорӣ Назаров, ки дар Шветсия паноҳандагии сиёсӣ пайдо карда буд, гумонбар дониста мешавад.

Кристер Петерсон, муфаттиши парвандаи куштори имоми ӯзбек мегӯяд, нафари гумонбар эҳтимол дар ҳудуди Русия паноҳ бурда аст. Петерсон гуфтааст, гумонбар бояд ба Шветсия истирдод шавад.

То ин замон номи Аминов дар додгоҳи Туркия зимни парвандаи куштори имоми дигари ӯзбек Мирзоғолиб Ҳамидов, ки бо лақаби Абдулло Бухорӣ машҳур буд, зикр шудааст.

Тавре дар матлабе бо номи "200 ҳазор доллар барои тирзан", ки дар нашрияи машҳури туркии "Yeni Shafak" интишор шуд, зикр гардидааст, Умед Аминов бо лақаби "Тигран Капланов" яке аз созмондиҳандагони сил-сила сӯиқасдҳо ба мухолифони мазҳабиву дунявии Ӯзбекистон аст.

Тавре расонаҳои Шветсия менависанд, додгоҳ тасдиқи далели интиқоли пул ба суратҳисоби бонкии Юрий Жуковский аз сӯи Тигран Каплановро тафтиш дорад. Жуковский 1 март дар додгоҳи шаҳри Сундсвал барои куштори имоми ӯзбек Обидхон қорӣ Назаров ба ҳабси абад маҳкум шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: