Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Соли нави чинӣ дар Душанбе қайд карда шуд

Соли нави чинӣ дар Душанбе қайд карда шуд

23-02-2016, 16:30
Хабарро хонданд: 338 нафар
Назарҳо: 0
Соли нави чинӣ дар Душанбе қайд карда шуд
Дирӯз, дар театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ барномаи фарҳангӣ ба муносибати Соли Нави чинӣ бо ибтикори Сафорати ҷумҳурии Мардумии Чин, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази фарҳангӣ-таълимии Конфутсий дар назди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон ва Чин ҳамчун як оила» баргузор гардид. Дар ин чорабинии бошукӯҳ ҳамчунин намояндагони корпуси дипломатии муқими кишвар, аҳли зиё, рӯзноманигорон ва волидайни донишҷӯён иштирок карданд. Чорабиниро бо суханҳои ифтитоҳӣ Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ҷаноби Юе Бин ва Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳусни оғоз бахшиданд. Қайд карда шуд, ки кишварҳои моро риштаҳои қавии муносиботи тарафайн судманд дар самтҳои мухталиф ба ҳам пайваста, имрӯз Чин яке аз шарикони муҳими иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ барои боз ҳам наздик шудани мардумони ҳар ду кишвар заминаи хуб хоҳад гузошт.

Дар барномаи фарҳангӣ санъат, хушнависӣ, ҳунари рассомии чинӣ, рақсу сурудҳои мардумии чинӣ ва тоҷикӣ, намудҳои варзишии акробатика ва у-шу аз ҷониби муҳассилини Маркази фарҳангӣ-таълимии Конфутсий, гимназияи «Кафолат», Донишкадаи мусиқии назди Донишгоҳи омӯзгории Синтзян, дастаи ҳунарии «Наврӯз»-и Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва дигар ҳунармандон манзури тамошобинони сершумор гардонида шуд. Чорабинӣ дар сатҳи баланди фарҳангӣ доир шуда, меҳмонон таассуроти хубе аз он бардоштанд.
Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: