Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дуюмин консерти академии Меҳрнигори Рустам дар Душанбе

Дуюмин консерти академии Меҳрнигори Рустам дар Душанбе

8-10-2015, 10:13
Хабарро хонданд: 466 нафар
Назарҳо: 0
Дуюмин консерти академии Меҳрнигори Рустам дар ДушанбеМеҳринигори Рустам, овозхони ҷавони тоҷик дуюмин консерти академиии худро баргузор мекунад.
Ин консерт соати 17:00-и рӯзи 14 октябр дар толори бузурги Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов шурӯъ мегардад. Бурҳон Маҳмадқулов, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ҳам меҳмони фахрии консерти Меҳринигор хоҳад буд.
Консерти нахустини академии ӯ, 14 октябри соли 2013 ҳамчунин дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон доир шуд ва сурудҳои академие монанди “Таронаи баҳор”, “Ишқи ман”, “Интизорӣ”, “Ёри ҷон”-ро иҷро карда буд. Меҳринигор таҳсилдидаи бахши сурудҳои академии консерваторияи мазкур мебошад.
Меҳринигори Рустам миёни ҳаводорони санъати мусиқӣ бо таронаҳои поп маъруф аст. "Бемор машав, модар", "Шаб", "Фаромуш", "Мебарӣ" ва "Ситора" аз маҳбубтарин сурудҳои ӯянд. Ба ҷуз тоҷикӣ вай бо забонҳои англисӣ, русӣ, туркӣ ва озарӣ ҳам тарона мехонад.
©ozodagon.com
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: