Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Иоҳан Себастян Бах

Иоҳан Себастян Бах

1-04-2016, 09:10
Хабарро хонданд: 578 нафар
Назарҳо: 0
Иоҳан   Себастян Бах Дар дунёи мусиқии касбии ҷаҳонӣ нобиғаҳое ҳастанд, ки саргузашту савонеҳи онҳо барои наслҳои оянда ибратомӯз аст.

Иоҳан Себастьян Бах- арғунуннавоз ва композитори дунёӣ, ки бо ҳунар ва истеъдоди нотакрори хеш дар тамоми олам номбардор шудааст, ҳамчун нобиға дар ҷодаи мусиқии касбии ҷаҳонӣ дониста мешавад.

Бах дар шаҳри Саксен-Эйзенахи Олмон, 21-уми марти соли 1685, дар оилаи санъаткор ба арсаи олам чашм кушодааст. Дар хонавода 8-умин фарзанд ба ҳисоб мерафт. Падараш Иоҳан Амброзиуас ва модараш Элизабет Леммерхирт навозанда буда, байни дӯстдорони мусиқии касбӣ обу рӯ ва эътибори махсус доштаанд.

Дар синни нӯҳсолагӣ модараш олами ҳастиро падруд мегӯяд. Себастяни нӯҳсоларо бародараш Иоҳан Кристоф, ки арғунуннавоз буд, ба тарбияи худ мегирад.

Ҳамон солҳо Иоҳан Себастян Бах шомили гимназия шуда, дар арғунун ва клавира навохтанро меомӯзад.

Соли 1700 ба шахри Люнебург омада дар мактаби вокал дохил мешавад ва дар ин ҷо бо композиторони маъруфи замон Георг Бём, Рейкен ва Дитрих Букстехуд ошноӣ пайдо мекунад.
Соли 1703 баъди итмоми мактаби вокалӣ Бах ба ҳайси навозанда дар дарбори Герцок Иоҳан Эрнст ба хизмат медарояд. Дар муддати на чандон тӯлонӣ шӯҳрати навозандагияш меафзояд ва ӯро ба серкови Арнштад ба сифати навозандаи арғунун даъват менамоянд.

Аз ҳамин давра сар карда якчанд асарҳои мусиқиро бо ҳамовозии арғунун эҷод мекунад.

Дар давоми ҳаёти худ Иоҳан Себастян Бах ҳамчун омӯзгор, навозандаи беҳтарини сози арғунун ва эҷодгари мусиқии арғунунӣ дониста мешуд.

Дар жанрҳои маъмули мусиқии замони худ ба монанди прелудия, фантазия, такатта, прелюдияи хорал, ва фуга асарҳо эҷод намудааст. Инчунин, китоберо бо унвони «Арғунун» навиштааст, ки дар он 46 хорал гирд оварда шудаанд.

Соли 1706 Иоҳан Себастянро ба серкови Власияи шаҳри Мюнхаузен даъват мекунанд. Дар ин ҷо бо хеши худ Мария Барбаре издивоҷ мекунад. Аз ин никоҳ ҳафт фарзанд ба дунё меояд, ки аз онҳо се нафарашон – Вилгелм, Иоҳан Кристиан ва Карл Филипп оянда навозанда ва оҳангсозони номӣ мешаванд.

Дар ҳамин давра Иоҳан Себастян Бах контатаи идонаи «Офаридгор – шоҳи ман»-ро эҷод мекунад, ки аз ҷониби дӯстдорони мусиқӣ хеле хуб пазироӣ меёбад.
Иоҳан   Себастян Бах
Ҳангоми хизмат дар серков асари худ «Муноҷот ба Иоан»-ро эҷод кард, ки то имрӯз аз ҷониби роҳибони хорсаро сароида мешавад.

Бах дар Серков ба ҷуз арғунуннавозӣ, инчунин ба тарбияи мусиқии наврасон, ҳамчун омӯзгор машғул мешавад. Дар шаҳри Лейпциг гурӯҳӣ хорсароёнро бо овозҳои мардонаи бас-тенер

таъсис медиҳад. Онҳо дар маросимҳои дафн ва тӯйҳо баромад карда, дар муддати начандон тӯлонӣ шӯҳрат пайдо мекунанд.

Иоҳан Себастян Бах дар навохтан ва эҷоди асарҳо барои созҳои клавишдор ҳунар ва маҳорати махсус дошт ва барои созҳои клавишдор асарҳои зиёд офаридааст, ки онҳо дар маҷмӯаҳои «Машқҳо дар клавир» гирд оварда шудаанд.

Инчунин 24 прелюдия, 15- инвенсияи 2- овозаю 3- овоза, 3- китоби сюита – сюитаҳои англисиву фаронсавӣ , партитаҳои клавирӣ ва пьесаи «Увертюраҳо дар равиши фаронсавӣ», «фантазияҳои хролатинӣ » ва «консерти итолявӣ» эҷод намудааст.

Иоҳан Себастьян Бах барои созҳои мусиқии скрипка -6 соната ва партит, барои сози виолончел 6-сюит, барои флейта соло 6- ниритит эҷод намудааст. Инчунин, 4- сюита барои оркестр ва асари калонҳаҷми худро бо унвони «Консертҳои Бранденбург»- соли 1721 эҷод намуд.
Иоҳан   Себастян Бах
Дар офаридаҳои Бах маъниҳои зиёд ва рангҳои гуногуни зиндагӣ хонда мешавад. Шунаванда бо шунавоӣ ва мусиқидонии худ аз ин офаридаҳо мазмунҳоеро мехонад, ки барояш ғановати маънавӣ мебахшанд.

Мусиқии Бахро новобаста ба халқияту миллат мардумони зиёде муштоқанд ва дӯст медоранд.

Ӯ дар жанри хорал вариатсияҳо, пораҳои мухталифи мусиқӣ, овозҳоеро ворид сохт, ки онҳо дар дунёи мусиқӣ офаридаи нав буданд ва ҳатто зумрае аз ҳамзамононаш ин кори ӯро нодуруст мешумориданд.

Бах дар офаридани мусиқиҳои динӣ истеъдод ва ҳунари хоса дошт.Дар асари мусиқиаш «Муштоқи дидори Матвей» эҳсосоти волои инсонӣ, хулқу атвори ҳамидаи ӯ, қаҳрамонӣ ва хушбахтии инсон бо садои мусиқӣ инъикос ёфтааст.

Ҷо ба ҷогузории созҳои мусиқӣ , компановкаи овозҳо, тавозуни лаҳнҳои мусиқӣ ҳангоми навозиши ансамблҳои созиву овозӣ аз рӯйи дид ва нигоҳи нав ҷо шудаанд.

Эҷоди Иоҳан Себастян Бах баъди солҳои 1725 рӯ ба густариш овардааст. Дар ин давра якчанд контата, песаҳои клавирӣ, консерт барои виолончел ва клавесин эҷод мекунад.

Дар синни 65-солагӣ вазъи саломатии Иоҳан бад шудан мегирад ва чашмонаш нобино мешаванд. Аммо ба нобиноии худ нигоҳ накарда, асарҳои зиёде меофарад.

28-уми июли соли 1750 Иоҳан Себастян Бах аз олам мегузарад.
Дар давоми умри худ ӯ зиёда аз 1000 асар дар жанрҳои гуногун эҷод кардааст. Дар эҷоди Бах мо ба ҷуз опера кариб тамоми жанрҳои эҷодии дунёи мусиқиро дида метавонем.

Имрӯз асарҳои ӯро дар Донишкадаи давлатии санъат, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таълимии мусиқӣ меомӯзанд.

Иоҳан Себастян Бах бо ҳунар ва эҷоди худ дунёро тасхир кард. То ҳанӯз асарҳои офаридааш аз ҷониби дӯстдорони мусиқии касбӣ пазируфта шуда, дар толорҳои калони консертӣ садо медиҳанд.

Ӯ нобиға буд ва нобиға монд.
Тағоймуроди Орифӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: