Сулҳ бодо бардавому, Ваҳдати ту ҷовидон, Тоҷикистон, Тоҷикистон!10-11-2015, 14:00
Хабарро хонданд: 364 нафар
Назарҳо: 0
Дар раванди амалигардонии Аксияи «Сулҳ ба ҳама» дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара корҳои зиёде амалӣ гашта истодааст. Дар ин замина, рӯзи 9 ноябри соли 2015 дар муассисаи давлатии театри мусиқӣ-драмавии ноҳия бо иштироки 80 нафар коргарон вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Гулонов Р. баргузор гардид.
Муовини раиси театри мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара Махсумов Маҳмадсаид аз рӯзҳои даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар гашта, ҳамагонро ба пойдории сулҳ, ҳифзи он, доштани ғурури миллӣ даъват намуд. Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ ин мусоидат дар тарбия намудани сокинон дар руҳияи ватандӯстӣ, пос доштани арзишҳои миллию давлатӣ, сафарбар намудани қувваи созандаи онҳо ба корҳои хайри ҷамъиятӣ ва огоҳ намудани онҳо аз хатарҳои замони муосир, ки бештар вақт ба руҳияи онҳо таъсири манфӣ мерасонанд, иборат мебошад. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в.Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.