Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Файзулло Баротзода: Давлати исломӣ ба бақои Тоҷикистон таҳдид мекунад

Файзулло Баротзода: Давлати исломӣ ба бақои Тоҷикистон таҳдид мекунад

31-03-2016, 11:30
Хабарро хонданд: 350 нафар
Назарҳо: 0
Файзулло Баротзода: Давлати исломӣ ба бақои Тоҷикистон таҳдид мекунад- Файзулло Баротзода , раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки фаъолиятҳои созмони тундрави «Давлати исломӣ» ба бақои Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил таҳдид мекунад, - менависад радиои Озодӣ.

Коршиноси масоили исломӣ бар ин назар аст, ки «як қишри осебпазир дар муқобили даъватҳои мабнӣ бар дурӯғи мубаллиғони созмонҳои тундраве, чун «Давлати исломӣ» ҷавонони кӯҳистонианд, ки тоза бо муҳити шаҳр ошно шуда, қишри дигар муҳоҷирони тоҷик дар Русия мебошанд, ки низ таҳти таъсири даъватҳои авомфиребонаи чунин гурӯҳҳо қарор мегиранд».

Ба қавли Файзулло Баротзода, тарҳи «Хуросони бузург» - ба ном «вилоят» дар «хилофат»-и «Давлати исломӣ» як хатари умда барои Тоҷикистону кишварҳои дигари минтақа буда, ҳадафи асосии «Хуросони бузург» ноором кардани кишварҳои мусулмонии пасошӯравист.

Номбурда дар ин робита ҳамчунин гуфтааст, матлаби онҳо ҳамчун як вилоят ё ноҳияи хилофати бузург ҷойгузин кардани минтақаи ҷуғрофиёии Хуросон маҳсуб ёфта, ин «вилоят» ба ғайр аз ҷумҳуриҳои мусалмоннишини Иттиҳоди давлатҳои мустақил инчунин атрофи баҳри Хазар, қисмате аз Эрон, Афғонистон ва як қисмати Покистонро низ фаро мегирад.

«Ингуна густариш додани истилоҳи сиёсиву динӣ ба хотири омезиш додани минтақаҳои ороми собиқ Шӯравӣ бо минтақаҳои ноором ва хатарзои қисматҳои ҷанубии «Хуросони бузург» аст», - иброз доштааст ӯ.

Дар робита ба стратегияи давлатдории ин гурӯҳ Ф.Баротзода изҳор намудааст, ки «аслан дар истилоҳи сиёсиву иҷтимоии созмони террористии «хилофати ормонӣ» мафҳуми давлат, миллат ва фарҳанги алоҳида гунҷоиш надошта, онҳо тамоми миллатҳои ғайриарабро аслан эътироф намекунанд ва натанҳо ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ҷумҳуриҳои дигарро ҳамчун як унсури хурд ё қисмати таркибии ин ба ном «хилофати бузург» донистанӣ ҳастанд».

Ба андешаи Баротзода, воситаи асосии ҷалби шаҳрвандони гумроҳ ва бахусус насли ҷавон дар шароити кунунӣ табодулоти бисёр васеъ ва тезтаъсири шабакаҳои иҷтимоии Интернет мебошад.

Маркази исломшиносӣ муассисаи илмиву таҳқиқотии назди президент буда, соли 2008 таъсис дода шудааст ва яке аз вазифаҳои асосии ин Марказ пажӯҳиши муҳити динӣ дар кишвар ва атрофи он аст.
http://news.tj/
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: