"Давлати исломӣ" ба Facebook ва Twitter таҳдид кард29-02-2016, 15:08
Хабарро хонданд: 492 нафар
Назарҳо: 0
Гуруҳи рахнагарони интернетии "Фарзандони Артиши Хилофат" (SonsCaliphateArmy), ки ба гуруҳи "Давлати исломӣ" наздикӣ доранд, роҳбарони шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Twitter-ро таҳдид намудаанд.
Рахнагарон мегӯянд, шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои онҳоро пок кардааст. Онҳо дар як навори видеоии таблиғотии 25-дақиқаӣ аксҳои Марк Сукерберг - асосгузори Фейсбук ва Ҷек Дорси - асосгузори Твиттеро дар шакли сурохиҳои тир нашр кардаанд. Ин маълумотро созмони SITE, ки ба мониторинги Интернет машғул аст, пайдо намудааст. Дар навори видеоии рахнагарон муроҷиат ҳам ба Сукерберг ва ҳам ба Дорси сабт шудааст. Дар ин муроҷиат гуфта мешавад, ки агар "Фейсбук" ва "Твиттер" як саҳифаҳои онҳоро пок кунад, дар иваз онҳо даҳҳо саҳифаи дигар боз хоҳанд намуд, аммо номи соҳибони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамроҳ бо сомонаҳояшон ба тамом пок карда хоҳад шуд. Рахнагарон мегӯянд, муваффақ шудаанд, ки фаъолияти зиёда аз 10 ҳазор саҳифаи шахсӣ ва 150 саҳифаи гуруҳҳоро дар Фейсбук ва саҳифаи бештар аз 5 ҳазор корбари Твиттеро рахна кунанд. Рахнагарон, тавре худашон иқрор мешаванд, ба хотири таблиғи ақидаҳояшон ба саҳифаҳои корбарон дастдарозӣ кардаанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.