Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Сурия ва бархурди манфиатҳо

Сурия ва бархурди манфиатҳо

17-02-2016, 05:00
Хабарро хонданд: 355 нафар
Назарҳо: 0
Сурия ва бархурди манфиатҳо«Амалҳои Россия дар Сурия боиси фоҷиаи бузург хоҳад шуд»
Б. Обама


Имрӯз, Шарқи Наздик минтақаеро мемонад, ки дар он манфиатҳои абарқудратон ва кишварҳои сарнишини минтақа бо ҳам бархурдаанд ва сабаби бесарусомониҳо гашта, садҳо ҳазор ба қатл расида, миллионҳо бе хонаву ҷой гаштаанд ва садҳо ҳазори дигар ҷон дар кафи даст рӯй ба муҳоҷирати иҷборӣ ба кишварҳои Европа овардаанд.

Ҳазорҳо тани онҳо дар роҳи муҳоҷират ба Европа ғарқи об гашта, садҳо тани дигар дар ғарибӣ аз гуруснагиву беҳуқуқӣ дунёро падруд гуфтаанд. Аммо аз ин ҳолати «бахтбаргаштагони мазлум» аз давлатҳои абарқудрат шурӯъ карда, то ҷангиёну соҳибони қаиқҳо – ҳама дар талоши луқмаи калон мебошанд.

Ироқи оғушта ба хун, Ливияи таҷовузшуда ва Сурияи ҷангзада дар саҳнаи театри ҷангии манфиатҷӯён нақши мазлумонаи худро хеле моҳирона бозӣ доранд ва ин намоиши беинтиҳо сериалҳои туркиро мемонад, ки давомдору беохир сабт мешаванду бозингарон иваз мегарданд.

30 сентябри соли 2015 дар радифи аввалинҳо, васоити ахбори оммаи ҷаҳонӣ доир ба зарбаҳои ҳавопаймоҳои бомбаандози Россия ба минтақаҳои мухталифи Сурия иттило пайдо карданд. Тибқи ин хабарҳо тайёраҳои ҷангии Россия, ки дар пойгоҳи низомии ҳавоии шаҳри Латакияи Сурия қарор доранд, аввалин зарбаҳои худро ба марказҳои ҷангиёни мухолифини давлати Башор Асад, ки бо неруҳои ҳарбии Сурия дар ҳолати ҷанг мебошанд, зарба заданд.

Ба ҳамин тариқ ҷабҳаи нав дар муқобили мухолифини ҳукумати Б. Асад ва «Давлати исломӣ» кушода шуд. Мутобиқи иттилооти расмии Кремл президенти Сурия Башор Асад, ки роҳбари қонунӣ ва расмии ин кишвар маҳсуб мегардад ба президенти Россия В. В. Путин расман муроҷиат карда, хоҳиш намудааст, ки ба ин кишвар кӯмаки низомӣ кунад. Дар ин бора роҳбари Дастгоҳи президенти Россия Сергей Иванов ба намояндагони васоити ахбори омма иттило дод. Ба қавли С. Иванов сухан танҳо дар бораи амалиёти неруҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ меравад. Истифодаи неруҳои заминӣ дар ин амалиёт умуман мавриди назар қарор нагирифтааст. Ҳадафи низомии ин амалиёт танҳо дастгирии Қувваҳои мусаллаҳи Сурия дар мубориза ба муқобили «Давлати исломӣ» мебошад. Зимнан бояд таъкид сохт, ки мутобиқи иттилои Reuters дастгоҳи иҷроияи президенти Сурия ин муроҷиати худро ба Россия доир ба кӯмаки низомӣ тасдиқ кардааст.

Бо ин тартиб президенти Россия В. В. Путин дар асоси банди «г»-и қисми 1 моддаи 102 Конститутсияи Федератсияи Россия ба Шӯрои Федератсия пешниҳод дар бораи қабули қарори ин шӯроро доир ба мувофиқат ва ризоият ба мақсади истифодаи Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Россия дар минтақаҳои берун аз кишвар дар асоси усулҳои қабулшудаи умум ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ пешкаш сохт.

Намояндаи Қасри Сафед Джей Карни изҳороте пахш сохт, ки мутобиқи он дар сурате, ки низомиёни рус на ба мавқеъҳои «Давлати исломӣ», балки ба мухолифини Б. Асад ҳамлаи ҳавоӣ зананд, Россия дар масъалаҳои дипломатӣ метавонад бо натиҷаҳои ногувор рӯба рӯшавад.

…Сурия давлати бузурге дар Шарқи Наздик буда, дар шимол бо Туркия, дар шарқ бо Ироқ, дар ҷанубу ғарб бо Ливан ва Изроил, дар ҷануб бо Иордания ҳамсарҳад мебошад. Сурия ба Баҳри Миёназамин роҳи баҳрӣ дорад.

Дар соли 2011 дар ин кишвар дар замони инқилобҳои «Баҳори араб» ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ гардид, ки он аз ҷониби неруҳои манфиатҷӯй тарҳрезӣ шуда, бо дастгирии бевоситаи Арабистони Саудӣ, Қатар, Изроил, Туркия ва як қатор давлатҳои дигари араб ба роҳ андохта шуд.

Ҳадафи асосии Арабистони Саудӣ ва шарикони вай дар Сурия, ки аҳли шиа (алавидҳо) роҳбарии давлатро бар дӯш доранд, аз байн бурда, ба сари қудрат салафиён ва ваҳҳобиёнро, ки дар гурӯҳи «Ҷайшу-л- Фотеҳ» бо ҳам ҷамъ омадаанд, овардан аст. Ҳамзамон Эрон аз алавиҳо ва қавми Башор Асад, ки аҳли шиа мебошанд, дастгирӣ мекунад ва аслан ҷанге, ки дар Сурия аз соли 2011 то инҷониб идома дорад, ҷанги байни Арабистони Саудӣ ва Эрон мебошад. Дар ин мамлакат «Давлати исломӣ» аз ҷониби Арабистони Саудӣ ва шарикони вай ҳамчун олоти ҷангӣ барои расидан ба ҳадафҳои геополитикӣ ва геостратегии худ истифода мегардад. Ҳадафи «Давлати исломӣ» тибқи нақшаҳои кашидашудаи ҳомиёни он ба тадриҷ давлати Сурия ва ҳукумати Асадро заиф гардонида, онро ба нестӣ кашидан ва вожгун сохтан аст. Дар ин театри бозиҳои геополитикии худ онҳо барои Россия нақшеро зарур надонистанд, чунки онҳо умедвор буданд, ки баъд аз таҳримҳои зиёд иқтисоди Россия фалаҷ гашта, роҳбарӣ бар сари он осон хоҳад шуд.

Қобил ба зикр аст, ки мамлакатҳои Ховари Наздик ва соҳилҳои шарқии Баҳри Миёназамин, аз он ҷумла Сурия, қисмати Анатолия (Осиёи Хурд), Халиҷи Форс, Эрон ва ғайра кайҳост, ки таҳти нақшаҳои забткоронаи ҳарбии давлатҳои абарқудрат қарор доранд. Манфиатҳои стратегӣ сиёсӣ ва иқтисодии онҳо ба «Харитаи нави сиёсии «Ховари наздик» робитаи мустақим дорад.

Дар иртибот ба ин нақшаҳои стратегӣ, бозиҳои сиёсии абарқудратон ва ҳуҷумҳои мустаҳқиму ғайримустақими онҳо ба Ховари Миёна ва АвруОсиё ин минтақаро ба харобазоре табдил додаанд. Ҳуҷуми қувваҳои низомии абарқудратон тавассути «Давлати исломӣ» ба Сурия ва Ироқ боиси ҷангҳои фарогир гаштааст.

Дар ин бозиҳо Ироқ, Сурия ва Эрон нақши калидӣ дошта, пирӯзӣ ба онҳо пирӯзӣ ба Россия ва Чин хоҳад буд. Ба хусус барои ҷаҳонгароёни Ғарбу кишварҳои эътилоф бо онҳо аз кишварҳои араб Эрон ҳамчун кишвари меҳварӣ ва калидии Ховари Наздик буда, дорои аҳамияти беандозаи стратегӣ дар сиёсати тасаллутгароии натанҳо кишварҳои зикршуда, балки Россия низ ба шумор меравад. Зеро Эрон аз нигоҳи ҷуғрофӣ, роҳҳои баҳрӣ, ихтилофоти динӣ, миллӣ, забонӣ, захираҳои табиӣ, аз қабили нефт, газ, литий ва ғайра, ки аз онҳо метавон ҳамаҷониба истифода бурд, хеле мувофиқ аст. Вале дар ин самт аз ҳама муҳимаш ин аст, ки бо шикасти Эрон дар тақсимоти Шарқи Наздик зарбаҳои дандоншикан якбора ба Россия, Чин ва баъзе давлатҳои дигари араб зада хоҳад шуд ва дарвозаҳое ба Қафқоз ва Осиёи Марказӣ боз мегардад, зеро аллакай барои Созмони Атлантикаи Шимолӣ ва ИМА Афғонистон имконоти зиёдероба бор овардааст, ки нақшаҳои стратегии онҳо дар Эрон, Тоҷикистон, Ҳинд, Чин, Русия минҷумла Қафқоз ва Осиёи Марказӣ амалӣ гарданд.

Дар амалӣ шудани ин нақшаҳои бозингарони минтақа ва абарқудратон Сурия нақши муҳим дорад ва мувофиқи тарҳрезиҳои онҳо ҷанги шаҳрвандӣ ба воситаҳои гурҳи мухолифини «Ҷайшу-л-Фотеҳ» ва бо дастгирии «Давлати исломӣ» бояд дар кӯтоҳтарин вақт бо пирӯзии қувваҳои зиддиҳукуматӣ ва шикасти Башор Асадба охир мерасид. Лекин ин нақшаи тарҳрезишуда амалӣ нагашт, чунки ба Башор Асад Россия ва Эрон кӯмаки ҳамаҷониба намуда, тамоми нерӯи худро сарф карданд, то ин ки қудрати Башор Асадбоқӣ монад.

Аз ҷониби Россия пуштибонӣ кардан аз Эрон дар масъалаи таҳримоти иқтисодӣ бесабаб набуд. Россия қабл аз он ки вориди ҷанги Сурия шавад ба Эрон силоҳи реактивии «Искандар» («С-300») фурухт ва ин кишварро барои ҷанги бузургтаре омода сохт. То ин ки Эрон тавонад на танҳо аз манфиатҳои худ, балки аз манфиатҳои Сурия, Ироқ ва Ливия низ пуштибонӣ намояд.

Болотар аз ин аз хоки Сурия берун кашидани ҳарбиёни Россия, ки ягона пойгоҳи низомии қувваҳои баҳрии ин кишвар дар Латакияи Сурия буда, барои боздошти Россия ба минтақаи Ховари Наздик ва Баҳри миёназамин кӯмак хоҳад кард, ғайриимкон буд. Россия интизори ҷаласаи маҷмаи Созмони Миллали Муттаҳид буд, ки ба хотири 70-умин солгарди тахсиси ин созмони бонуфузи байналилалӣ дар Вашингтон доир гашт. Президенти Русия дар баёнияи хеш атрофи масъалаи Ховари Наздик сухан ронда, аз сарони давлатҳои Америка ва кишварҳои Ғарбу араб савол кард, ки «шумо бо ин минтақа чӣ кор мекунед?»Ҳамзамон В.В. Путин дар вохӯрии худ бо Б. Обама, ки бояд 45 дақиқа давом мекард ва он 2,5 соат тӯл кашид, умедвор буд масъалаи Ховари Наздик ба хусус Сурияро дар робита бо масъалаи Украина ҳал хоҳанд кард. Вале мутаасифона Б. Обама ва В. В. Путин ба як қарори зарурӣ наомаданд. Зеро барои Америка бо Россия дар доираи шиори «Украина ба ивази Сурия» фоидаовар набуд. Чуноне ки зикр сохтем кайҳост, ки Амрико бо Россия ва Эрон муборизаи ғайримустақим мебарад ва дар ин лоиҳа Сурия ҳамчун нуқтаи меҳварӣ ва калидӣ барои содир кардани нефту газ аз Халиҷи Форс ба Европа маҳсуб мегардад. Россия ва Эрон низ дар оянда нақша дорад аз ин лоиҳа самаранок истифода намоянд.

Амрико дар навбати худ умедвор буд, ки амалиётҳои низомиро дар он шакле, ки ба воситаи Арабистони Саудӣ, Туркия, Қаттар ва дигар кишварҳои араб ва бо дастгирии «Давлати исломӣ» дар Сурия анҷом дода истодааст, давом диҳад, дар он сурат метавонад Россия ва Эронро ба осонӣ аз Сурия барорад. Аз ин рӯ, барои Америка зарурати Украинаро бо Сурия иваз кардан намонда буд. Зимнан як нуктаро бояд зикр сохт, ки Америка бар ин ақида буд, ки В.В.Путин кайҳо боз назоратро дар Шарқи Наздик аз даст додааст ва бесабаб нест, ки «Газпром» ба Чин рӯй овардааст. Аммо тири Б.Обама ба хок хӯрд.

Чанде қабл аз ҷаласаи маҷмааи Созмони Миллали Муттаҳид вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ Сауд ал-Файсал бо сафари хидматӣ ба Россия омада буд ва зимни мулоқоти худ аз ҷониби Россия тақозо намуд, ки аз ҳукумати Башор Асад пуштибонӣ накунад. Ҷониби Россия пешниҳод сохт, ки омодааст ба Сурия кӯмакҳои худро қатъ созад, лекинба шарте, ки нархи нефт аз ҷониби Арабистони Саудӣ боло бурда шавад. Сауд ал -Файсал сиёсати Россияро дар Шарқи Наздик «сиёсати мунофиқона» хонда, пешниҳоди Москваро рад кард.

Ба ҳамин тариқ Россия маҷбур шуд бо баҳонаи мубориза ба муқобили «Давлати исломӣ» вориди ҷанги на танҳо Сурия, балки Ховари Миёна гардад. Қитъаоти низомии Россия, ки вориди Сурия шуданд иборат аз 28 таёраи ҷангии бомбандоз, Су-24м, Су-34, Су-25см, Су-30м, чархболҳои ҷангии Ми-24 ва Ми-8 дар ҳудуди 10 танк ва зиреҳпӯшҳо, ва таёраҳои бесарнишин мебошанд. Як нукта хеле ҷолиб аст, ки Россия ба муқобили «Давлати исломӣ» ҷанг эълон кард, аммо аз ҷониби ин давлат ҳеҷ вокунише дида намешавад.

Ин беиътиноӣ низ сабабҳои худро дорад, зеро дар дохили «Давлати исломӣ» ба хубӣ медонанд, ки кадом нерӯҷонибдори кӣ ҳаст ва кадом гурӯҳ барои кӣ ва чӣ меҷангад. Эрон низ дар навбати худ бо истифода аз «Ҳизбуллоҳ» дар Ливия мақоми худро дар минтақа мустаҳкам кард, лекин ба қавли коршиносони Ғарб иштироки Эрон дар ҷанги Сурия тавассути нерӯҳои ҳавоӣ ва хушкигарди ин кишвар сабаби шиддат гирифтани фаъолияти «Давлати исломӣ» ва муттаҳид шудани қавму қабилаҳои суннимазҳаб дар Сурия гардид. Воқеан ҳам Эрон дар соли 2014 ба Ироқ 500 нафар «Посдорони Инқилоби исломӣ Ал-Қудс», 7 таёраи Су-25 ва дигар техникаи низомиро сафарбар карда буд.

Ба ҳамин тариқ бо ворид шудани Русия дар ҳамдастӣ бо Эрон иътилофи нав дар ҳайати Русия, Эрон, Ироқ ва Ливия ба вуҷуд омад. Дар баробари ин иътилоф дар минтақа ба муқобили «Давлати исломӣ» боз ду иттиҳоди дигар «Иттиҳоди давлатҳои Ғарб» ва «Иттиҳоди кишварҳои араб» низ меҷангад.

Иттиҳоди давлатҳои Ғарб таҳти роҳбарии Америка тамоми давлатҳои аъзои Созмони Атлантикаи Шимолӣ, аз он ҷумла Фаронса, Дания, Британияи Кабир, Австралия, Канада, Туркия, Изроиляъне дар маҷӯъ беш аз 60 давлати дунёро шомил сохтааст. Қисмати аъзами давлатҳои ин иттиҳод дар шакли номиналӣ дохил шуда, танҳо дар сухан кӯмак мекунанд. Ба хусус давлатҳои аъзои Созмони Атлантикаи Шимолӣ бо таёриҳои бесарнишин ба мавқеи ҷангиёни «давлатҳои исломӣ» зарба зада, ба гурӯҳҳое, ки ба муқобили онҳо ҷанг мекунанд, яроқу аслиҳа мудиҳанд. Ҳамчунин онҳо ба дарсу тамрини аскарони қувваҳои мусаллаҳи Ироқ низ машғул мебошанд. Бо дастгирии Фаронса иттиҳоди нерӯҳои Созмони Атлантикаи Шимолӣ ба муқобили шохаи «Давлати исломӣ», «Боко Ҳаром» дар Нигерия низ меҷанганд.

Иттиҳоди кишварҳои араб иборат аз нерӯҳои ҳавоии Миср, Арабистони Саудӣ, Иордания, Марокаш, Баҳрайн, Қатар ва Аморати араб ба минтақаҳои таҳти тасарруфи «Давлати исломӣ» дар Ироқ, Сурия ва Ливия дохилшуда, зарбаҳои ҳавоӣ зада, муборизаи шадиди иттилоотӣ ба роҳ монданд. «Ҷамъияти (лигаи) кишварҳои араб» дар ҷаласаи ба наздикӣ доиршудаи худ ба хулосае омад, ки бояд артиши ягонаи арабҳо таҳти назорати ин ҷамъият таъсис дода шавад, то тавонад дастаҷамъона ва мақсаднок ба муқобили «Давлати исломӣ» мубориза баранд.

Ба қавли таҳлилгарони ғарбӣ васеъ шудани сарзаминҳои зери назорати «Давлати исломӣ» ғайриимкон аст, зеро аз ҷониби Америка ва Созмони Атлантикаи Шимолӣ ба муқобили он муборизаи ҳадафманд ба роҳ гузошта шудааст. Аммо тасмими якҷониба гирифтаи Россия боиси шиддат гирифтани ҷангҳои қавмӣ дар Сурия хоҳад шуд, зеро вай аз режими Башор Асад пуштибонӣ мекунад. Дар Сурия, ба андешаи онҳо, танҳо ҷонибдорон ҳукумати Асад набуда, балки беш аз панҷ гурӯҳҳои ҷангии дигар низ вуҷуд доранд. Дар натиҷаи муборизаи ин гурӯҳҳо режими Асад рӯба инҳитот гузоштааст ва барои тамоми гурӯҳҳои даргир беҳтар мебуд, ки ҳукумати Асад аз сари қудрат равад, зеро дар шароити ба вуҷудомада наметавон боқимондаҳои ин режимро бо давлати Сурия як шумурд. Бо ибораи дигар, ба қавли онҳо, Асад ва ҷонибдорони вай ҳамагӣ як гурӯҳе аз гурӯҳхои ҷангӣ буда, ӯро наметавон ҳукумат ва ё давлат номид.

Ба ҳамин тариқ метавон хулоса кард, ки зуҳури «Давлати исломӣ» ҳамчун натиҷаи воқеиёти геополитикии кишварҳои абарқудрат ва минтақа дар Ховари Наздик буда, нишона ва ё аломате аз касалӣ буда, на касал аст. Сабаби асосии ин маризиро дар он бояд ҷуст, ки дар Ироқ сунимазҳабон давраҳои тулонӣ роҳбарӣ карда, қудрати худро иҷбори болои курдҳо ва шиамазҳабон таҳмил сохта буданд. Сиёсати пешгирифтаи собиқ сарвазири Ироқ Нурӣ ал-Малики дар хусуси давлати фавқулодда мутамазказонидашуда (гиперцентрализация) дар ихтиёри ҷонибдорони мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат маҷбуран боиси тарзи давлатдорӣ алтернативӣ гашт, ки он беҳтарин шароит барои зуҳури «Давлати исломӣ» шуд. Ғарб ва дигар давлатҳо низ ба ин кӯмак карданд. Чунин шароит низ дар Сурия ба вуҷуд омад, лекин Асад нагузошт, ки низоми беҳтари давлатдорӣ зуҳур кунад. Ва ин оқибат боиси «марказгурезӣ» дар Сурия шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: