Таҷлили Наврӯз идома дорад30-03-2016, 14:05
Хабарро хонданд: 366 нафар
Назарҳо: 0
Чорабиниҳои наврӯзӣ дар ноҳияи Бохтар бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида истодаанд. Дар наврӯзгоҳи ноҳия бахшида ба НАВРӮЗ намоиши маҳсулотҳои хоҷагии халқ, дастурхони наврӯзии “ҳафтсин” ва “ҳафтшин”, суманак, хӯрокҳои наврӯзӣ пешкаш гардид.
Дар ҷашнвора раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор суханронӣ намуда, дар боби қадр ва манзалати Наврӯз дар ҷомеа ибрози андеша намуд. Ҳамзамон, дар ҷашнвора Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Тоҷикон дар оинаи таърих”-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро мехонем!” баргузор гардида, ба иштирокдорони ҷашни тантанавӣ зиёда аз 700 адад буклети наврӯзии “Таърихи ҷашни Навӯз дар китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих”-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон” дастрас карда шуд. Дар қисми дигари чорабинӣ хатнасури 100 нафар кӯдакон ва тӯйи домодиву арӯсии 10 ҷуфт навхонадорон баргузор гардида, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Таҷлили ҷашни Наврӯз то ҳол идома дошта, дар ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия ва дар маҳаллаҳо баргузор шуда истодаанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.