Омодагиҳо ба ҷашни Наврӯз18-03-2016, 12:13
Хабарро хонданд: 320 нафар
Назарҳо: 0
«Таблиғот тавассути ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ» - шиорест дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар, ки бахшида ба ҷашни Наврӯз дар тамоми ташкилоту муассисаҳо, коргоҳу зерсохторҳо ва кумитаҳои маҳаллаҳои ноҳияи Бохтар ҳар ҳафта рӯзи шанбе шанбегиҳо баргузор гардида истодааст.
Ин амал байни фаъолони ҲХДТ ва сокинон ба ҳукми анъана даромада, аҳолӣ бо азми қавӣ ба тоза намудани атрофи маҳалли зист ва коргоҳи худ пардохтаанд. Сафедкунии ниҳолу дарахтон, шинонидани гул ва ниҳолҳои гуногуни ороишиву мевадиҳанда, тоза намудани ҷӯйборҳо ва монанди ин аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки дар шанбегиҳо ба иҷро расонида шуда истодаанд. Умуман, сокинони ноҳияи Бохтар ҷашни Наврӯзро бо омодагии ҳамаҷониба ва рӯҳу илҳоми тоза пешвоз мегиранд. Аз он ҷумла дирӯз дар ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ҷашни Наврӯз бо тамоми шукуҳу шаҳомат ва расму оинҳои наврӯзӣ гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ занону ҷавонон бо як дилгарми ба пухтани хӯрокҳои миллӣ аз он ҷумла суманаку оши бурида, ширбиринҷу далда, оши палаву умочи бо алаф ва намоиши ҳафсину ҳафшин зебу зиннат медоданд. Дар як тарафи чорабинӣ ҷавонон ба банкашиву гуштингирӣ, хурузҷангу бозиҳои варзишӣ, занон ба доиразаниву хондани суруди наврӯзиву суманак, духтарон ба шеърхониву байдбарак машғул шуда буданд. Дар қисми дигари чорабинӣ иштирокчиёни беҳтарини Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Китоби “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ва китоби “Тоҷикон дар ойинаи таърих” – и Эмомалӣ Раҳмонро мехонем!” барномаи ҷолиби диққатро ба ҳозирин намоиш доданд. Умуман, чорабинӣ дар як сатҳи баланди фарҳангиву маънавӣ гузаронида шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.