Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст26-03-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 453 нафар
Назарҳо: 0
Дар ҳақиқат бо шудани ин калимаи мураккаб – нав ва рӯз ба назар ва мафкураи кас зебоии гулу сабза, борони найсон намудор гашта, одамӣ ба олами зебоӣ фурӯ меравад.
Таҷлили ин ҷашни бостонӣ ҳамчун мероси муқаддас, покизаву зебо сол ба сол дар сатҳи беҳтару баландтар дар фазои истиқлолу ваҳдат сурат мегирад. Дар дар ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия Бохтар байни ҷавонон бахшида ба ин ҷашн озмуни “Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст!” гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ духтарони ноҳия бо намунаи куртаҳои чакану атлас, хондани таронаҳои наврӯзӣ, оростани дастархони наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин, сароидани сурудҳои наврӯзиву рақсҳои дилошӯби худ ба таҷлили ҷашни Наврӯз ҳусни зебо бахшида, эҳсоси меҳанпарастиву худогоҳии миллӣ ва пос донистани мероси ниёгонро нишон доданд. Ин чорабинӣ бо нишон додани тамоми суннатҳои наврӯзӣ, омадани Баҳору бобои Деҳқон дар як сатҳи баланди маънавию фарҳангӣ гузаронида шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.