Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Чорабинии наврӯзӣ дар қисми низомӣ

Чорабинии наврӯзӣ дар қисми низомӣ

29-03-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 314 нафар
Назарҳо: 0
Чорабинии наврӯзӣ дар қисми низомӣ
Бахшида ба иди байналмиллалии Наврӯзи Аҷам Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи иҷроияи Марказию вилоятии ҲХДТ ва мақамоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар қисми низомии 35-01, ки дар миқёси шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, чорабинии наврӯзӣ баргузор намуд, ки дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, сардори Раёсати Вазорати корҳои Дохилӣ дар вилояти Суғд, генерал майор Назарзода Шариф Раҳмон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзида, афсарону сарбозонро ба муносибати иди Наврӯз табрику муборакбод намуданд.

Дар ҷорабиии мазкур дастурхони наврӯзӣ густурда шуд ва баҳри болидахотирии афсарону сарбозон барномаи консертӣ баргузор гардид.
Инҷуинин, бозиҳои миллӣ дар байни сарбозон барпо карда шуд ва иштирокчиён бо тӯҳфаҳои хотиравии кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: