25-умин баҳори Истиқлолият марҳабо, хуш омадӣ!28-03-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 240 нафар
Назарҳо: 0
Табқи нақша чорабиниҳои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар бахшида ба ҷашни “Наврӯз” аллакай ҳамарӯза дар корхонаву ташкилот, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, кӯчаву маҳаллаҳои ноҳия озмуну чорабиниҳои фарҳангӣ бо тамоми расму суннатҳои миллии наврӯзӣ гузаронида шуда истодааст.
Аз он ҷумла дар ҷамоати Сарвати Истиқлол дар деҳаҳои Меҳробод, Лоиқ Шералӣ, Виён, 20-солагии Истиқлолият, К. Гулов, Байнал ва Зарафшон байни ҷавонон озмуни “Калиди хушбахтӣ дар дасти худи шумост” гузаронида шуд. Шартҳои озмун аз ороста намудани дастурхони наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин, омадани баҳору кишту кори бобои деҳқон, қироати тарона дар васфи баҳори Ватан, рақсу суруд ва тақлиду байтбарак иборат буд, ки дар як фазои пур аз ишқу муҳаббат ба Ватану баҳор, сулҳу ваҳдат бо тантанаю шодмониҳо таҷлил карда шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.