Мулоқоти таблиғотчиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода16-10-2015, 07:00
Хабарро хонданд: 373 нафар
Назарҳо: 0
Ҳафтаи сипаригардида, аз санаи 13-ум то 15-уми октябр, тибқи нақшаи кори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода, як қатор силсилавохӯриҳо дар Коллеҷи омӯзгорӣ, Коллеҷи тиббӣ, Коллеҷи металлургӣ ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 8, 32, 33, 65, 88, 94, 116, баргузор гардид.
Дар силсилавохӯриҳо падидаҳои номатлубе, ки ба инкишофи рушди ҷомеа ва миллат халалдоранд, баррасӣ гардиданд. Ҳадаф аз баргузории ин чорабиниҳо тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, пос доштани арзишҳои миллию давлатӣ, сафарбар намудани қувваи созандаи онҳо ба корҳои хайри ҷамъиятӣ ва огоҳ намудани онҳо аз хатарҳои замони муосир, ки бештар вақт ба руҳияи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд, иборат мебошад. © Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.