Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Аксияи «Амалҳои коррупсиониро маҳкум мекунем»

Аксияи «Амалҳои коррупсиониро маҳкум мекунем»

13-10-2015, 08:11
Хабарро хонданд: 508 нафар
Назарҳо: 0
Аксияи «Амалҳои коррупсиониро маҳкум мекунем»Тибқи нақшаи чораҷӯиҳои КИВ ҲХДТ дар бораи аксияи вилоятии «Дар бораи мубориза ба зидди корупсия» имрӯз аз рӯи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии шаҳри Конибодом дар Литсейи саноати кишоварзӣ бо омӯзгорони колллеҷҳо, донишҷӯён ва фаъолони ҲХДТ аксия таҳти мавзӯъи «Амалҳои коррупсиониро маҳкум мекунем» доир карда шуд. Дар ин чорабинӣ аъзои Кумиҷроия, сарвари шуъбаи фарҳанг Б.Ҷабборӣ, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ Ҳоҷиев Ф, Раиси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии МИҲД Шарипов В, мудири шӯъбаи ташкилӣ Юсуфова Ҳ иштирок намуданд. Аз тарафи Ҳоҷиев Ф мулоқот дар мавзӯи «Амалҳои коррупсиониро маҳкум мекунем» сурат гирифт. Сипас аъзои Кумиҷроияи ҲХДТ Б.Ҷабборӣ оид ба мавзӯъҳои «Амалҳои коррупсиониро маҳкум мекунем» ва “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ” сухан ронда қайд кард, ки яке аз монеъаҳои асоси дар роҳи амали гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон коррупсия мебошад. Муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохили ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва татбиқи он, аз ташаббуси олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз мегардад. Аксияи «Амалҳои коррупсиониро маҳкум мекунем»Самаронокии муқовимат бо коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлати ва ҷомеаи шаҳрванди дар раванди амалигардонии он вобастагии зич дорад. Сарвари давлат Э.Раҳмон коррупсияро «Кирдори хатарноки зиддидавлатӣ» номида таъкид дошт, ки ин амали нангин обрўи давлатро дар дохил ва хориҷи кишвар коҳиш дода, асосҳои давлатдориро заиф менамояд. Аз ин хотир таъкид гардид, ки мубориза бо ҷиноятҳои коррупсиони яке аз роҳҳои асосии таъмини амнияти давлат аст. Б.Ҷабборӣ сабаби чунин ҳолатҳои коррупсиониро камсаводӣ, беэътиборӣ, ноогоҳӣ арзёбӣ намуда, ҳозиринро даъват намуд, ки нисбат ба тақдири худ ва наздикони худ ҳамеша боаҳамият бошанд, ба қадри тинҷиву ободии ватан, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ахлоқи нек ва бад-ин васила пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ даъват намуд. Омӯзгори Коллеҷи тиббӣ аъзои фаъоли ҲХДТ Дилором Орипова баромад намуда, оид ба омилҳои муҳими пешгирии коррупсия ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсиони дар аҳоли, махсусан дар насли наврас тавассути амали созии барномаҳои таълими оммави бо дохил кардани барномаҳои давлати дар мактабҳо ва донишгоҳҳо буданашро ибрози ақида намуд. Донишҷӯи курси дуюми Коллеҷи омӯзгорӣ Ирода Махкамова оид ба хештаншиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстӣ, Истиқлолият, амалҳои неки инсонӣ сухан ронда, дар васфи Тоҷикистон шеъри эҷодкардаи худро қироат намуд. Дар анҷоми аксияи «Амалҳои коррупсиониро маҳкум мекунем» баҳсу музокира, саволу дархост давом кард.
©КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: