Мулоқот бо донишҷӯёни ноҳияи Деваштич дар пойтахти кишвар18-03-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 326 нафар
Назарҳо: 0
![]() Ҷӯразода Рустам ҳангоми суханронӣ баён намуданд, ки имрӯз давлату ҳукумат бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат тамоми чораҳоро барои рушду инкишофи нерӯи ҷисмонию маънавии ҷавонон роҳандозӣ намуда, имкониятҳои васеъро барои донишу касбомӯзии насли наврасу ҷавон муҳайё сохта истодааст. Бо умеде, ки насли ҷавон насли ояндасозу бунёдкор, насли идомадиҳандаи аъмоли неки аҷдодону бузургони таърихии миллати хеш гардида, дар пояндагии дастовардҳои Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ, дар тарғибу ташвиқи анъанаву фарҳанги миллии худ, дар баланд бардоштани хештаншиносӣ ва обрӯву нуфузи Тоҷикистони азиз пешсаф хоҳанд шуд. Инчунин ҳидоят карда шуд, ки ҳар як донишҷӯй вазифаю мақсади асосии донишандӯзиву соҳибтаҷриба гардидани худро фаромӯш насохта, бояд беш аз пеш дар пайи ҷустуҷӯи илму дониш бошад, то ин ки мутахассиси соҳаи хеш гардида, барои боз ҳам баланд бардоштани иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёти диёри хеш саҳми арзандаи худро гузорад. Даст задан ба кирдорҳои номатлуб ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарою террористиро сахт маҳкум кунанд, дуои неки падарону модарон ва бобою модаркалонҳои худро гирифта, ба боварии онҳо ва Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сазовор гарданд, зеро ҳар яки онҳо зодаи даврони соҳибистиқлоливу бунёдкориҳо буда, ояндаи давлату миллат ҳастанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки тамоми донишҷӯёни дар ин мулоқот ширкатварзида бо маблағҳои пулӣ ҳавасманд карда шуда, фаъолони онҳо бо туҳфаҳои махсус ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон баҳри болидахотирии иштирокчиён савту навои диёри хеш аз лаҳни санъаткорони зодгоҳашон танинандоз гардида, ҳамагонро ба рақсидану бозидан моил сохта, руҳу илҳоми тоза бахшид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.